ДАРАХТ БИНШОН! Корхонаи воҳиди давлатии ниҳолпарварии Ҳамадонӣ ҳар сол беш аз 100 ҳазор бех ниҳол ба фурӯш мебарорад

Сентябрь 4, 2022 11:17

ҲАМАДОНӢ, 04.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Корхонаи воҳиди давлатии ниҳолпарварӣ фаъолият мекунад. Ин хоҷагӣ ҳамасола бо истеҳсоли ниҳолҳои ороишию мевадиҳандаи ба шароити иқлими минтақа мутобиқ на танҳо кишоварзони минтақаи Кӯлоб, балки хоҷагиҳои деҳқонии дигар вилоятҳоро низ таъмин менамояд. Ҳар сол дар хоҷагии мазкур беш аз 100 ҳазор бех ниҳолҳо парвариш ва ба фурӯш бароварда мешаванд. Соли равон дар хоҷагӣ ба парвариши ниҳолҳои интенсивӣ ва серҳосил, ки аз хориҷи мамлакат дастрас намудаанд, шурӯъ карданд.

Роҳбари хоҷагӣ Қосим Латифов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА гуфт, ки “саҳмдорони хоҷагии ниҳолпарварӣ дар парвариш ва пайвандкунии ниҳолҳо таҷрибаи калон доранд. Онҳо ниҳолҳоро аз тухмаш шинонида, парвариш мекунанд ва баъди муддати муайян бо истифода аз боғҳои модарӣ ниҳолҳоро пайванд мекунанд”.

Мутахассисон мегӯянд, ки чанд намуди пайвандкунии ниҳолҳо мавҷуд аст ва дар ин хоҷагӣ аз ду намуди он истифода мебаранд. Ниҳолҳо, ки бо ниҳолҳои серҳосили ба шароти иқлими минтақа мутобиқ пайванд карда мешаванд, дар оянда ҳосили хуб ба бор меоранд. Аз ин рӯ харидорони ниҳолҳои ин хоҷагӣ хеле зиёданд.

Саҳмдорон аз ҳар порча замини хоҷагӣ самаранок истифода бурда, барои парвариши ниҳолҳои хушсифат заминҳоро киштгардон ва бо нуриҳои органикию минералӣ коркард менамоянд.

Боймурод Нозимов солҳои зиёд аст, ки дар ин хоҷагӣ кор мекунад ва дар парвариши ниҳолу сабзавот таҷрибаи хуб касб кардааст. Имсол замини дар ихтиёрдоштаашро киштгардон карда, дар як қисмати он сабзавот корид. Дар ин кор ба Боймурод оила ва фарзандонаш кумак мерасонанд. Дар дигар қитъаҳои заминҳои хоҷагӣ аъзои он намудҳои гуногуни сабзавоту полезӣ кишт кардаанд. Нашъунамои мошу лӯбиёгиҳо ва қаламфуру помидор дар баробари ниҳолҳо хуб аст. Имсол бардошти ҳосили фаровонро интизоранд.

Роҳбарияти хоҷагӣ соли равон заминҳои солҳои дароз бекорхобидаро ба гардиши кишоварзӣ баргардонид. Дар як қитъаи он маъсар корида, бо ҷалби техника ба ҷамъоварии ҳосил машғул мебошанд. Дар замини назди идораи хоҷагӣ низ ниҳолҳои гуногуни ороишию сояафкан парвариш менамоянд.

Саҳмдорони хоҷагии ниҳолпарварӣ дар мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ мақсад доранд ба кишоварзон беҳтарин навъҳои ниҳолҳои мевадиҳандаю ороишӣ ва барои бунёди боғҳои интенсивӣ пешниҳод намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2022 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ 700 бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Кормандони Хадамоти гумрук дар ноҳияи Варзоб беш аз 17 ҳазор бех ниҳол шинониданд
Дар заминҳои бекорхобидаи теппаҳои деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб боғи намунавӣ бунёд карда шуд
«ШАҲРИ САБЗ». Дар ҳудуди Боғи «Ғалаба» ва ҷангалҳои пойтахт 3,6 ҳазор бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
Дар назди бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дарахтони навъи магнолия шинонида шуданд
«ЯК ҶАВОН – ЯК ДАРАХТ». Дар Душанбе иқдоми ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Соли 2026 дар шаҳри Панҷакент дар ҳазор гектар боғ бунёд карда мешавад
Соли 2026 дар шаҳри Ваҳдат беш аз 22 ҳазор бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида мешавад
Дар канори шоҳроҳи Чанок-Душанбе беш аз 5 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе зиёда аз 1000 бех арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Боғи фарҳангию фароғатии «Умари Хайём»-и шаҳри Душанбе 300 бех ниҳол шинонида шуд