ЭҲЁ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ ФАРҲАНГИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад

Сентябрь 26, 2022 11:27

ДУШАНБЕ, 26.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар Тоҷикистон   Рӯзи забони давлатӣ  таҷлил мегардад. Маҳз дар ҳамин рӯз, 5 октябри соли 2009 Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қабул гардид, ки  дурнамои рушди забонро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот ба вазъи ҳуқуқӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар танзим ва муқаррар менамояд. Вобаста ба мақоми забони давлатӣ дар даврони истиқлолият мақолаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА  пешниҳоди хонандагон мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари соҳибистиқлол забони тоҷикиро забони ягонаи давлатии худ эълон доштааст. Аз ин рў, дар моддаи 2 Конститутсия муқаррар шудааст, ки «забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст».

Ин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ ҳифзи забони он мебошад.

Маҳз дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар кардани мақоми забони давлатӣ ба чунин омилҳо вобастагии ногусастанӣ дорад: забон ва таърихи халқ бо ҳам алоқаи ҷудонопазир доранд, бахусус таърихи ғании халқи мо аз рӯйи далелҳои забонӣ маънидод шудааст; забони тоҷикӣ василаи маҳфуз доштани мероси гаронбаҳои маънавии беш аз чанд ҳазорсолаи халқи тоҷик аст; забони модарӣ дар таърихи тӯлонӣ дар муборизаҳо ҳамеша муттаҳидгари халқи тоҷик маҳсуб мешуд; дар забони модарӣ ҳофизаи халқ, ҷаҳони маънавӣ, меъёрҳои ахлоқии халқи тоҷик ҳифз карда шудаанд; забони модарӣ яке аз чаҳор аломати шинохти миллати тоҷик мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ дар посдории забони давлатӣ низ нақши бориз дорад. Он забони модариро ба шоҳроҳи инкишоф бароварда, имконият фароҳам овард, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Ин чунин маъно дошт, ки дар кишварамон тамоми фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, моддӣ ва маънавию маърифатӣ ба забони тоҷикӣ сурат гирад.

Бояд аз мадди назар дур насозем, ки забон дар ҳамаи давру замонҳо як рукни давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, аз рӯйи диди сарварони давлат нисбат ба забон ҳадафҳои сиёсӣ муайян мегардид. Нуқтаи назари сарвар ва ходимони давлатӣ ба мақоми забон дар ҷамъият, тадбирҳои давлатӣ оид ба амали забонҳо ва роҳу усулҳои иҷрои он тадбирҳо сиёсати забонро дар мамлакат фароҳам меорад.

Дар ҳар маърӯзаву суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии забони тоҷикӣ аён мегарданд. Чунончӣ, Пешвои муаззами миллат ҳанӯз 21 июли соли 2009 зикр намуда буданд, ки «забони давлатӣ, бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик маҳсуб мешавад».

Дар ин як ҷумла сухан аз арзиши миллӣ, пояи давлатдории миллӣ, нишони возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи халқи тоҷик будани забони тоҷикӣ меравад.

Дар баробари ин, мояи ифтихормандии мост, ки бо забони тоҷикӣ ҳазорон бузургмардону нобиғаҳо, аз ҷумла Рўдакиву Фирдавсӣ, Шайх Аттору Ҳаким Саноӣ, Анварию Хоқонӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар дурри макнуни сухан суфта, осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд, ки мо, ворисон онро бо осонӣ ва бе луғат мехонему мефаҳмем.

Дар даврони ташаккули худ забони тоҷикӣ бисёр марҳилаҳои тўлонӣ ва мураккабу пурпечутобро тай карда, санҷишҳои сахту сангини таърихро паси сар намуда, имрӯз низ дар даврони истиқлолият ва бунёди давлати миллӣ рисолати худро ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ идома дода истодааст.

Дар робита ба ин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «дар таркиби шеваҳои мардуми мо ҳазорон калимаҳои асилу ноби тоҷикӣ мавҷуданд, ки бо сабабҳои гуногун аз доираи истеъмоли умум берун мондаанд. Вазифаи аввалиндараҷаи забоншиносону фолклоршиносон ин аст, ки зимни таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ чунин калимаҳоро аз дохили шеваҳо дарёфт карда, онҳоро ба доираи муомилоти забони адабии тоҷикӣ ворид намоянд».

Дар ҳамин замина бояд иброз дошт, ки шуур ва тафаккури инсон тавассути забон шакл ва вусъат мегирад. Ба ибораи дигар, забон аломатҳои зоҳирӣ, ҷиҳати моддии шуур ва тафаккур ба шумор меравад.

Дар замони мо равандҳои ҷаҳонишавӣ ва дастовардҳои босуръати илму техника ва технологияҳои навин, дар байни аҳли ҷомеа бештар нуфуз пайдо кардани шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо ба забони давлатӣ низ таъсир гузошта, барои рушду инкишофи табиии он монеаҳо низ эҷод мекунад. Шоистаи таъкид аст, ки имрӯз дар забони тоҷикӣ ҳангоми истифодаи истилоҳу иқтибосот қолабҳои муайяни калимаю ибора ва истилоҳсозӣ, ки ба табиати забон мувофиқ бошанд, на ҳама вақт ба инобат гирифта мешаванд.

Аз ин рӯ, таъкиди ин нукта, ки бояд аз «иқтибосҳои бемавқеъ худдорӣ карда, истилоҳоти иқтибосӣ ба табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мутобиқ гардонда шавад», дастури саривақтӣ буда, дар роҳи аз ҳисоби забонҳои дигар ва калимаю ибороти соҳавии улуми гуногун ғанӣ гардонидани забон муҳим мебошад.

Дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои асосӣ тарбияи насли ҷавон мебошад, ки илова ба хуб донистани забони модарии худ бо назардошти талаботи ҷаҳони муосир бояд ҳадди ақал се‐чор забони хориҷиро донад. Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки «дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кўшиш ва ғамхорӣ намоем». Зеро, чунонки бузургон таъкид мекунанд, забони худро надониста, аз бар намудани забонҳои дигар имкон надорад.

Роҷеъ ба ин гуфтаҳо, Пешвои муаззами миллат дар робита ба гиромидошти забони модарӣ таъкид намуданд, ки «мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем». Дар ҳақиқат, дар забони модарӣ ҳамчун дар оинаи пурҷило симои миллат ва тамоми дастовардҳои маънавии он инъикос мегардад ва аз ин рӯ, дар сатҳи олӣ донистани забони давлатӣ ва пок нигоҳ доштани он зарур мебошад.

Дар пасманзари гуфтаҳои Пешвои миллат таъкид намуданием, ки забони мо сарвати мо ва бойигарии маънавии миллат ба ҳисоб меравад, гиромӣ доштан ва ҳимояи он ба сифати забони давлатӣ вазифаи ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ва мо, соҳибони ин забон мебошад.

Нақши меҳварии Пешвои миллат дар густариши забони давлатӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи чунин шахсиятҳои бузурги давлатию таърихӣ мебошанд, ки дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ дар рушду тараққӣ кардани забон дар замони соҳибистиқлолӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Оре, забон ба унвони падидаи фарҳанги миллӣ аз замони пайдоиш барои нигаҳдории таърих, арзишҳои маънавии миллат, анъана ва суннатҳои мардумӣ хизмат карда, ҳамчун муҳимтарин унсури бақои миллат худро муаррифӣ намудааст. Тавассути забон дар ҳофизаи хаттии миллатҳо маҷмўи тафаккур ва андешаи мардум ҳамчун мероси маънавӣ аз наслҳои гузашта то имрўз нигаҳдорӣ гардидааст, ки барои таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ мусоидат мекунад.

Дар ҳамин радиф Пешвои миллат чунин зикр менамоянд, ки «мо вазифадорем, ки ин хазинаи бемислро чун гавҳари чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардонидани пояҳои забони давлатиамон ҳарчи бештар заҳмат кашем. Зеро, андеша ва ғояи миллии ҳар халқ дар забону адабиёт ва фарҳангу ҳунараш ифода ёфта, дар тафаккуру маърифати фарзандони он ташаккул меёбад».

Албатта, дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо кӯшиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ ба куллӣ дигар шуд. Бо дарки муҳимтарин ва умдатарин масъала, яъне хусусияти муттаҳидгардонӣ ва ваҳдатофарии забон Роҳбари давлатонро ҳамчун рукни устувору побарҷои давлатдории навини тоҷикон эътироф намуданд, ки аз азамату ҷалол ва иқтидору нерую тавоноии забони тоҷикӣ сарчашма мегирад.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои пайвастаи Пешвои миллат забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд, барои шинохти миллати тоҷик ба сифати мардуми дорои ҳама аломату нишонаҳои миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омад ва дар ориёшиносӣ ва ё эроншиносии муосир шохаи сифатан нави тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо намуд.

Дар баробари ин, чунонки Пешвои миллат таъкид мекунанд, ҳар шаҳрванди кишвар барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ кӯшиш карда, падару модарон бояд ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд, зеро беэътиноӣ ба забони модарӣ беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст.

Бахусус, ташкил намудани мулоқоту суҳбатҳо бо ҷалби олимону адибони маъруф, омӯзишу мутолиаи асарҳои илмиву адабӣ, аз бар кардани шеърҳо ва ғайра, ки имконияти бештари бедор намудани завқу шавқи ҷавононро дар пай доранд, барои қавӣ гардонидани ҳофизаи таърихии хонандагону донишҷӯён зарур мебошад.

Мояи ифтихору сарбаландист, ки Пешвои муаззами миллат пуштибону ҳомии забони тоҷикӣ мебошанд ва ба забон ҳамчун рукни асосии бинои ҳастии миллат ва устувориву будубоши давлат ба ҳайси муқаддасоти миллат арҷ мегузоранд.

Чунонки дар ин маврид Сарвари давлат ишора намудаанд: «Бақои тоҷик забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳифозаи худ нигоҳ медорад. Фарҳанги беназиру оламшумули тоҷикон ва адабиёти пурғановати зиёда аз ҳазорсолаи тоҷикон, ки қалбҳои аҳли назар ва фаҳму фаросати ҷаҳонро тасхир кардааст, маҳз бо ҳамин забон, яъне забони тоҷикӣ навишта ва эҷод шудаанд».

Таҳкими заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии забони давлатӣ ҳамчун омили рушди минбаъдаи он

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009 забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифта, ҷиҳати баланд бардоштани устувории он асоси қонунӣ гузошта шуд.

Қонуни мазкур истифодаи забони давлатӣ ва забонҳои дигарро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ танзим менамояд.

Қонуни мазкур ба рушди забони давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон нигаронида шуда, вазифаҳои навбатии давлат ва ҷомеаро муайян месозад. Истифодаи васеи забони давлатӣ дар соҳаи технология, компютеркунонӣ, интернет, такмили таълими забони давлатӣ дар гурӯҳҳои тоҷикию ғайритоҷикии мактабҳои миёнаву олӣ, тарбияи ифтихори миллӣ аз забони модарӣ, баланд бардоштани фарҳанги суханварӣ, таҳқиқи ҳамаҷонибаи қоидаву қонунҳои забони давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим маҳсуб мешаванд.

Президенти Тоҷикистон андешаҳои худро дар бораи густариши минбаъдаи забони давлатӣ ба таври мухтасар ва ҷамъбастӣ чунин баён кардаанд: «Мо барои равнақи забони модарии худ боз ҳам бештар ғамхорӣ хоҳем кард, онро ҳамчун гавҳари қиматбаҳои миллӣ ҳифз хоҳем кард».

Аз ин ҷост, ки барои татбиқи қонуни нав аз мақомоти давлатӣ сар карда, то муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд ва дар садади иҷро қарор доранд.

Дар робита ба ин, 30 июни соли 2021 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ба тасвиб расид, ки имрӯз мавриди амал қарор дорад.

Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон ба яке аз масъалаҳои мубрами сиёсати забонии давлату Ҳукумат эҳё ва ба танзим даровардани номҳои миллӣ ва қадимаи тоҷикӣ, истифодаи саҳеҳ аз қолабҳои калимасозии миллӣ, номгузории мавзеъҳои ҷуғрофӣ, таърихӣ, маҳаллу деҳот ва шаҳру ноҳияҳо низ, ки бояд бо такя ба суннатҳои гузаштаи ниёгон амалӣ карда шавад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Аз нав эҳё гардидани номҳои асили миллӣ, таърихӣ ва қадимии Суғд, Хатлон, Бохтар, Истаравшан, Рашт, Сайҳуну Ҷайҳун на танҳо ба гузаштаи пурифтихори мо ишора доранд, балки ҷиҳати эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ташаккули худогоҳиву худшиносии миллии мардуми мо нақши муассир мегузоранд.

Дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бевосита бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду марҳила ҳуҷҷатҳои барномавӣ ҷиҳати ташаккул ва рушди забони давлатӣ қабул карда шуданд. Аз ҷумла, «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012 ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020 тасдиқ гардиданд.

Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба забон қабул гардида, дар рушду густариш ва баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ нақши муҳим дошта, бобати инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, сиёсиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам меорад.

Бояд зикр намуд, ки барномаи мазкур барои ташаккули худшиносӣ, худогоҳии шаҳрвандон, боло бурдани ҳисси ватандўстӣ ва рушди ҷаҳонбинии сиёсиву фарҳангии аҳли ҷомеа таҳия шудааст.

Нақши асарҳои Пешвои миллат дар густариши забони давлатӣ

Ҷавҳари сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамонро дар самти сиёсати давлатӣ оид ба забон, эътирофи забони давлатӣ ҳамчун омили муҳимтарини ҳастии давлат ва миллат, густариши истифодаи забони давлатӣ, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани омӯзиши забони адабӣ, инчунин ҷараёни мукаммалу муназзами риояи қоидаҳои он ба сифати арзиши олии давлатӣ ташкил додааст.

Бори нахуст дар таърихи давлатдории мо забони тоҷикӣ аз муқаддасоти давлат дониста шуд, ки нишони аҳаммияти махсуси давлатӣ нисбат ба забони модарист. Дар ин росто, муҳиммияти муқаддасоти  мазкур, қабл аз ҳама, дар асарҳои калидӣ ва оламшумули Пешвои миллат инъикоси пурвусъат ёфтаанд.

Яъне китобҳои Роҳбари давлат худ таҷассумгар ва таҳкимбахши заминаҳои таърихӣ ва рушди забони тоҷикӣ мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки Пешвои муаззами миллат дар таълифоти илмию таҳқиқотиашон муҳимтарин масъалаҳои миллат ва забонро мавриди баррасӣ қарор дода, иртиботи бевоситаи ин ду рукни муҳимми миллатсоз ва давлатсозро пайваста таъкид месозанд.

Аз ҷумла, асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён» (2002), «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби дуюм. Аз Ориён то Сомониён» (2002), «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби сеюм. Аз Ориёнто Сомониён» (2006), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», (2006), суханрониҳояшон дар маҳфилу чорабиниҳои гуногун оид ба сиёсати забонии давлат, муайян кардани самтҳои асосии инкишофи забон ва забоншиносии тоҷик нақши бунёдӣ ва раҳнамоӣ доранд.

Дар ин радиф, махсусан асари дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат», ки сайри таърихии забони тоҷикиро аз замони қадим то имрӯз дар бар гирифтааст, бори дигар собит сохт, ки Пешвои муаззами миллат нисбат ба тақдири забони давлатӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, оид ба рушду такомули минбаъдаи он пайваста андешаронӣ мекунанд.

Дар ин асари бунёдӣ дастовардҳои навтарини забоншиносиву тоҷикшиносии ватаниву ҷаҳонӣ ҷамъбаст гардида, аз лиҳози сабку ҷо баҷогузории мавод ва тарзи пешниҳод аз дигар осори забоншиносӣ ба куллӣ фарқ мекунад.

Аз ин рӯ, дар марҳалаи сифатан нави давлатдории мо — тоҷикон, таълиф ёфтани асари гаронбаҳои «Забони миллат – ҳастии миллат» аз як ҷиҳат барои муаррифии забони мо – нишони ҳастии мо хизмати бузургро ба анҷом расонида бошад, аз ҷониби дигар арҷгузорӣ ба забони миллат, ҳалли якчанд масъалаҳои баҳсталаби забоншиносии тоҷик ва бозгӯи қудрату манзалат, ҳифзи асолати забони тоҷикӣ аз гузашта то ба имрӯз аст.

Ҳамин тариқ, нақши Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду густариши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ беназир буда, маҳз ба василаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат забони модарии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи аслии худро соҳиб гардид.

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 26, 2022 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Табобати нодурусти ангина сабаби гирифторӣ ба дигар бемориҳо мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон 92 корхонаю коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода мешавад
«ЧАКАН-МЕРОСИ ШИГАРФИ ФАРҲАНГ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Соли 2024 дар вилояти Суғд 73 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
Дар деҳаи Мусофирони ноҳияи Рашт бинои иловагии муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд 950 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мегардад
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид