ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Тринидад ва Тобаго дар Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи бозии нимниҳоии Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Тринидад ва Тобаго дар шаҳри Чиангмайи Таиланд рақобат мекунад. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai»-и шаҳри Чиангмай баргузор шуда, соати 17:30 (15:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт омодагиро ба бозии нимниҳоии Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» дар шаҳри Чиангмайи Таиланд давоми чанд рӯз омодагӣ дид. Ҳамчунин ба ҳайати дастаи мунтахаб ҳамлагари бошгоҳи «Ислоч»-и Беларус Шаҳром Самиев ва ҳамлагари дастаи «Левадия»-и Эстония Рустам Соиров шомил шуданд.
Бозингарони дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон Амадонӣ Камолов ва Меҳрубон Каримов ҳамроҳ бо нимҳимоятгар Эҳсони Панҷшанбе бо баъзе сабабҳои шахсӣ субҳи имрӯз ба ҳайати дастаи миллӣ пайвастанд ва имрӯз ба майдон мебароянд.
Ёдовар мешавем, ки дар вохӯрии дигари нимниҳоӣ дар ҳамин рӯз дастаҳои мунтахаби Таиланд ва Малайзия бо ҳам қувва месанҷанд. Ғолибони даври нимниҳоӣ 25 сентябр дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ миёни ҳам рақобат мекунанд.
Акс: ФФТ








Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд






