ЛОИҲАИ БАРҚАРОРКУНИИ ҶАНГАЛ ВА БЕҲТАР КАРДАНИ НЕКУАҲВОЛИИ МАРДУМ. Дар Тоҷикистон маҷмӯаи селексионии киштзори писта ташкил ёфт

Сентябрь 29, 2022 15:17

ДУШАНБЕ, 29.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Ташкили маҷмӯаи селексионии киштзори писта дар Тоҷикистон» машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур дар доираи Лоиҳаи барқароркунии ҷангал ва беҳтар кардани некуаҳволии мардум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Мақсад аз баргузории ҳамоиш- омӯзиши тарзу усулҳои нави барқароркунии ҷангалзори писта бо усулҳои нав дар раванди гармшавии иқлим буда, дар доираи он мутахассисону намояндагони соҳаи ҷангали Тоҷикистон ва Узбекистон доир ба навъҳои нави писта, парваришу барқарорнамоии он табодули таҷриба менамоянд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея лоиҳаи нави «Баланд бардоштани иқтисодиёти ҷангал ва фермерӣ бо роҳи ташкил кардани плантатсияҳои саноатии хуч, писта ва ҷангалҳо алайҳи биёбоншавӣ дар Тоҷикистон»-ро ба роҳ мемонад. Муҳлати амалишавии лоиҳа аз моҳи августи соли 2023 то декабри соли 2027-ро дар бар гирифта, маблағи умумии пешбинишуда 4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамоиш директори  Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал» иброз дошт, ки дар айни замон ходимони пажӯҳишгоҳ доир ба  омӯзиши навъҳои хушсифати дарахтони писта корҳои тадқиқотӣ бурда истодаанд, ки ин ба минбаъд зиёд намудани майдон ва баланд бардоштани ҳосилнокии он мусоидат менамояд.

Намояндаи Хадамоти ҷангали Корея-ҳамоҳансози Лоиҳаи барқароркунии ҷангал ва беҳтар кардани некуаҳволии мардум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сеҷин Ҷу иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Корея лоиҳаи мазкур моҳи июли соли 2020 оғоз гардида, барои барқарорсозии майдони ҷангалзор дар соҳаи саксаулпарварӣ ва парвариши писта дар ноҳияҳои Хуросон, Данғара ва Фархори вилояти Хатлон то моҳи августи 2023 фаъолият менамояд.

«Мо умедворем ҳамоиши имрӯза имкон фароҳам меорад, ки намояндагони соҳаи ҷангали Тоҷикистон ва Узбекистон дар маърӯзаҳои худ доир ба усулҳои нави парвариши писта маълумот дода,  дар самти технологияҳои нави парвариши он, бунёд ва барқароркунии пистазор, технологияи ташкили майдонҳои замонавӣ, усулҳои баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва асосҳои устувори пистазор бо якдигар табодули таҷриба менамоянд, ки он барои фаъолияти минбаъдаашон муфид хоҳад буд»,- иброз дошт Сеҷин Ҷу.

Тавре сардори Раёсати хоҷагии ҷангали Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадиброн Саидзода иброз дошт, аз ҷониби олимони тоҷик корҳои селексионӣ ва ноҳиябандӣ кардани навъҳои нави писта гузаронида шуда, зиёда аз 8 намуди он дар ноҳияҳои Данғара, Хуросон, Фархор парвариш гардида, ҳамсола масоҳати кишти онҳо зиёд карда мешавад. Танҳо соли гузашта дар майдони 355 гектар писта шинонида шуд, ки минбаъд ба фаровонии бозор мусоидат мекунад.

Зикр шуд, ки дар доираи лоиҳаи мазкур аз тарафи Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии хоҷагии ҷангал дар ноҳияҳои Данғара ва Хуросон майдони 40 гектар пистазор навсозӣ гардида, баъдан он то ба 100 гектар расонида мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли равон «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи мазкур тасдиқ гардид. Мақсади асосии Барнома — нигоҳдории гуногунии биологӣ, барқароркунӣ, зиёд намудани масоҳату  маҳсулоти ҷангал, беҳтар намудани сифат ва миқдори хизматрасониҳои экосистемавии пешниҳодшаванда дар шароити тағйирёбии иқлим, мусоидат ба рушди иқтисодиёт,  баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии сокинон  бо роҳи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал, таъмини бозори дохилӣ  бо маҳсулоти ҷангал ва содироти он ба хориҷи кишвар мебошад

Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши мазкур 30 сентябр низ ҷараён гирифта, дар доираи он иштирокдорон аз майдони пистазори ноҳияҳои Данғара, Хуросон ва Фархор дидан менамоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 29, 2022 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 6,3 фоиз афзоиш ёфтааст
Ҷалби сармояи Ҷопон ба иқтисоди Тоҷикистон дар Токио мавриди баррасӣ қарор гирифт
Раванди татбиқи марҳилаи чоруми БРАМОМ-4 дар мақомоти гумрук бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд масоили ҳамкориро баррасӣ намуданд
Заминҳои бекорхобидаи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъа ба кор андохта шуданд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба тайёрии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба фасли сармо доир гардид
Дастовардҳо ва имконоти сармоягузории Тоҷикистон дар Форуми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷопон муаррифӣ шуданд
Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид
«GREEN AUTO». Татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» ба пешрафти ин соҳа мусоидат менамояд
Хазинаи байналмилалии асъор: соли 2023 сеяки иқтисоди ҷаҳон ба таназзул дучор хоҳад шуд
Бо мақсади пешгирӣ аз чангу ғубор дар ноҳияи Шаҳритус дар зиёда аз 200 гектар ниҳоли саксаул шинонида шуд