Сергей Лавров: «Русия ва Тоҷикистон шарикони боэътимоди тиҷоратӣ-сармоягузориянд»

Сентябрь 14, 2022 12:45

ДУШАНБЕ, 14.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Русия ва Тоҷикистон шарикони боэътимоди тиҷоратӣ-сармоягузорӣ мебошанд. Нақши махсусро дар ин кор ба Комиссияи дуҷонибаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ вомегузорем», — иброз намуд Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни мусоҳиба бо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар».

Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди мушкилоти воқеӣ, соли 2021 тиҷорати мутақобила нисбат ба соли 2020 44,7% зиёд шуда, беш аз 1,2 млрд долларро ташкил дод. Дар моҳҳои январ-апрели соли 2022 15,7% афзоиш ёфтани он нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (то 408,8 млн доллар) ба қайд гирифта шуд. Саҳми Русия дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 21% аст.

Дар Тоҷикистон беш аз 300 корхона бо иштироки Русия фаъолият мекунанд. Ҳаҷми умумии маблағгузории Русия ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ 1,6 миллиард доллар ё 16 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷиеро, ки ба мамлакат ворид шудааст, ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб 0,8 миллиард доллар ё 17,7 фоиз ба ҳаҷми умумии сармоягузории мустақим баробар аст.

Ёдовар мешавем, ки 8 апрели соли 2022 ба барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия расо 30 сол пур шуд. Давоми ин солҳо миёни ду давлат зиёда аз 300 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбию техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра ба имзо расиданд. Ин заминаи муҳими ҳуқуқӣ мебошад.

Акс: ВКХ ФР

Сентябрь 14, 2022 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд