Тоҷикистон бо Венесуэла, Сербия ва Марокаш Созишнома оид ба лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ ба имзо расонид

Сентябрь 25, 2022 10:23

ДУШАНБЕ, 25.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябри соли 2022 дар ҳошияи иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла Карлос Фария, Ҷумҳурии Сербия Никола Селакович ва Подшоҳии Марокаш Носир Бурита мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат Сироҷиддин Муҳриддин ва  Венесуэла Карлос Фария перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Венесуэла ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуданд.

Пас аз мулоқот Созишнома оид ба лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла ба имзо расид.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Никола Селакович маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сербияро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла бахшҳои амният, иқтисод, иҷтимоӣ, гуманитарию беҳдоштӣ ва обу иқлим мавриди баррасӣ қарор дода, ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба таъкид карданд.Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сербия дар бораи мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматиро ба имзо расониданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷӣ, ҳамкории африқоӣ ва марокашиҳои муқими бурунмарзӣ Подшоҳии Марокаш Носир Бурита, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо ҳавасмандии худро роҷеъ ба таҳкими равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва маориф таъкид намуданд.Зимни мулоқот ҷонибҳо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Подшоҳии Марокаш оид ба лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматиро ба имзо расониданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 25, 2022 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид