Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкории дуҷонибаро таҳким мебахшанд

Сентябрь 9, 2022 14:38

ДУШАНБЕ, 09.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр дар шаҳри Риёз мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ Холид Ал Фолеҳ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот атрофи роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ ва ҷалби сармоягузорони саудӣ ба бахшҳои энергетика, саноат, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ ва сайёҳии Тоҷикистон табодули назар сурат гирифт.

Ҷонибҳо ба аҳаммияти баргузории даври навбатии ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ таъкид карданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 7 сентябр дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ нахустин ҷаласаи муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар ин нишаст Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар поёни ҷаласа Баёнияи муштарак, инчунин Харитаи роҳи ҳамкории муштарак барои солҳои 2023-2027 қабул гардид.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 9, 2022 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Чин, Қирғизистон ва Покистон баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Масири дӯстӣ: Марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони Котиботи давлатии ИМА мулоқот намуд
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Масқат масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд
Мероси Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар нишасти байналмилалӣ дар Теҳрон баррасӣ гардид
Мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо рӯзномаи «Умон»