Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 14.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола 14 октбяр дар ҷумҳурӣ таҷлил мегардад, дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти унвони «Соҳибкории инноватсионӣ ва нақши он дар таъмини саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, хабар доданд дар донишгоҳи мазкур.
Дар ҳамоиш вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», ширкатҳои сайёҳӣ ва соҳибкорони муваффақ иштирок намуданд.
Қабл аз оғози ҳамоиш иштирокдорон аз намоишгоҳи дастовардҳои илмии омӯзгорони ин боргоҳи таълимӣ ва биноҳои нави таълимии Донишгоҳ, ки аз 17 озмоишгоҳи таълимӣ иборат мебошад, дидан намуда, ба пойгоҳи муосири таълимии муассиса ва дастовардҳои олимони Донишгоҳ баҳои баланд доданд.


Дар ҳамоиш муовини аввали ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Мирзоҳид Раҳимов иброз намуд, ки «бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкор таҷлил гардида, эътирофи хизматҳои шоёни соҳибкорон ва таҷлили ин рӯз дар мамлакат саривақтӣ мебошад».
Масъалаи рушди соҳибкорӣ аз ҷониби роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хос қарор дошта, сол ба сол бо дарёфти захираву имконияти мавҷуда тадбирҳои мухталиф анҷом дода мешаванд. Дастгирии соҳибкорӣ ва қабл аз ҳама, соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ маҳсуб мешавад.
Дар ҳамоиши илмӣ вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Раҳматзода, муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод, муовини Раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Шаҳло Сайфзода, сардори раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи соҳибкорони Тоҷикистон Некрӯй Забиров ва муовини сардори шуъбаи сиёсати қурби асъори Бонки миллии Тоҷикистон Беҳзод Ҷураев доир ба рушди соҳикборӣ дар кишвар маърӯза намуданд.
Дар интиҳои ҳамоиш барои ҳамкории судманд дар самти омода намудани мутахассисони соҳибкасби соҳаи молия ва бонкдорӣ «Сипоснома»-и раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» тақдим карда шуд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон










Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






