АВВАЛИН ҚАТОРАИ ТРАНЗИТИИ ТОҶИКИСТОН АЗ МАСИРИ ЭРОН БА ТУРКИЯ РАҲСИПОР МЕШАВАД! Дар Вазорати нақлиёт Ҳуҷҷати глобалии транзитӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа» Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар доираи он истифодаи Ҳуҷҷати глобалии транзитӣ (GTrD) аз истгоҳи Кӯлоби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баррасӣ шуд. Тибқи ин санад нахустин қатораи боркашони транзитии Тоҷикистон аз масири Эрон ҷониби Туркия раҳсипор мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд.
Дар назар аст, ки тавассути долони мултимодалии Чин-Тоҷикистон-Туркманистон-Эрон-Туркия нахуст тавассути мошинҳо борҳо аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шаҳри Кӯлоб, ки Минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон ба шумор рафта, қарор аст қутби тиҷорат, транзит ва саноати Тоҷикистон гардад, оварда мешаванд. Баъдан борҳо аз ин ҷо ба Узбекистон-Туркманистон-Эрон ва Туркия интиқол меёбанд.
Дар конфронс намояндагони сохторҳои соҳаи нақлиёту роҳ аз кишварҳои хориҷии дуру наздик, инчунин мутахассисону коршиносони соҳаи роҳу нақлиёти ватанӣ иштирок намуданд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зикр намуд, ки имрӯзҳо рушди иқтисодиёти ҳар кишварро бе инкишофи логистика тасаввур кардан ғайри имкон аст. Зеро рушди системаҳои логистикӣ натиҷаи якчанд тамоюли ҷаҳонии рушди глобалӣ мебошад.
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаҳои марбут ба танзими фаъолияти давлатии таъмини логистика — дастовардҳои илмӣ ва амалии фаъолияти он, таълим ва тарбияи мутахассисон оид ба таъминоти логистикӣ, рақамикунонии инфрасохтори логистика, мушкилоти ташкил ва рушди техникаи логистика, таҷрибаи пешрафти ширкатҳо ва марказҳои нақлиётию логистикӣ, саҳми бонувон дар логистика, воқеият, назар ба оянда ва имконияти захираи кадрии соҳа баррасӣ гардиданд.
Дар ҳошияи конфронс вохӯриҳои дуҷонибаи Вазири нақлиёт бо намояндагони Эрон, Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон баргузор гардиданд. Зимни онҳо дурнамои ҳамкорӣ ва мушкилоти мавҷуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






