БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БАРЕД! Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба аҳолии мамлакат

Октябрь 13, 2022 13:14

ДУШАНБЕ, 13.10.2022 /НИАТ «Ховар»/. Бо фарорасии мавсими тирамоҳу зимистон ва бар асари камшавии захираҳои об дар ҳавзаи ташаккулёбии дарёи Вахш, инчунин, сол ба сол зиёд шудани талаботи аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат норасоии мавсимии неруи барқ ба миён меояд, ки амалӣ намудани тадбирҳои иловагиро дар самти истифодаи сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ тақозо менамояд. Чунин гуфта мешавад дар муроҷиатномаи шитркати «Барқи тоҷик» ба аҳолии Тоҷикистон», ки дирӯз паҳн карда шуд.

Дер зер матни пурраи муроҷиатнома оварда мешавад.

Ҳамватанони азиз!

Чунонки медонед, дар кишвари мо оби дарёҳои кўҳӣ манбаи асосии истеҳсоли нерӯи барқ мебошад.

Яъне ҳаҷми истеҳсоли барқ ба ташаккули оби дарёҳо алоқамандии бевосита дорад.

Дар навбати худ, ҳаҷми оби дарёҳо ба шароити обу ҳаво ва дигар омилҳои табиӣ вобаста мебошад, ки имконияти амалии пешгўии онҳо хеле душвор аст.

Бо фарорасии мавсими тирамоҳу зимистон ва бар асари камшавии захираҳои об дар ҳавзаи ташаккулёбии дарёи Вахш, инчунин, сол ба сол зиёд шудани талаботи аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат норасоии мавсимии неруи барқ ба миён меояд, ки амалӣ намудани тадбирҳои иловагиро дар самти истифодаи сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ тақозо менамояд.

Аз рўйи ҳисоби мутахассисони соҳа соли ҷорӣ низ норасоии мавсимии неруи барқ дар ҳаҷми беш аз як миллиард киловатт – соат пешгўӣ карда шудааст.

Ҳоло обанбори неругоҳи «Норак» то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки маҷрои дарёи Вахш дар тобистон ба ҳисоби миёна аз 2000 то 2200 метри мукааб дар як сонияро ташкил дода, ин нишондиҳанда дар фасли зимистон ба 150 – 200 метри мукааб баробар мешавад.

Бинобар ин, барои истеҳсоли барқ дар мавсими зимистон асосан оби дар обанбор захирашуда истифода мегардад.

Бо дарназардошти пешгўӣ шудани норасоии мавсимии неруи барқ, эҳтимоли то баҳор басанда набудани захираҳои об дар низоми энергетикии кишвар ба миён омадааст.

Ҳамзамон бо ин, таҷрибаи солҳои қаблӣ собит менамояд, ки ҷиҳати омодагии хуб ба мавсими сармо анҷом додани корҳои таъмиру профилактикӣ дар шабакаҳои барқӣ яке аз масъалаҳои муҳим мебошад.

Аз ин рў, аз ҷониби мутахассисони ҷамъиятҳои саҳҳомии «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» бо мақсади ба давраи тирамоҳу зимистон пурра омода намудани иншооти энергетикӣ дар рўзҳои нисбатан гарми фасли тирамоҳ дар як қатор зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмир гузаронида мешаванд.

Амалисозии ин тадбирҳо имкон медиҳад, ки шабакаҳои барқӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дар сатҳи хуб омода мешаванд ва оби сарфагардида дар мавсими сармо барои таъмини шабонарўзии аҳолӣ бо неруи барқ истифода мегардад.

Ҳамватанони азиз!

Ширкати «Барқи Тоҷик» ва Ҷамъияти саҳҳомии «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ҳеҷ гоҳ хоҳишманди маҳдуд кардани интиқоли барқ ва бебарқ мондани мардум нест.

Вале имрўз вазъият ҳаминро тақозо менамояд.

Бинобар ин, аз ҳамаи шумо хоҳиш менамоем, ки дар ҷойи кор ва дар манзилҳои истиқоматиатон аз неруи барқ сарфакоронаву оқилона истифода баред ва барои дар мавсими зимистон ҳарчи бештар бо барқ таъмин шудани кишвар бо неруи барқ саҳм гузоред.

Яъне сарфакории ҳар яки мо дар рўзҳои мусоид боиси дар мавсими сармо шабонарўзӣ бо барқ таъмин шудани хонадони ҳамаамон мегардад.

Маркази матбуоти
ширкати «Барқи тоҷик»

Октябрь 13, 2022 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад