Директори Кумитаи байналмилалии Делфӣ Владимир Понявин ба Душанбе омад
ДУШАНБЕ, 12.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз директори Кумитаи байналмилалии Делфӣ Владимир Понявин ба Душанбе омад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зикр шуд, ки то омадани ҳайати асосии Бозиҳо бо Директори Кумитаи байналмилалии Делфӣ корҳои бисёре ба анҷом расонида мешаванд.
Ба Тоҷикистон барои ҳунарнамоӣ дар ҳамаи номинаҳо аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 320 нафар ташриф меоранд. Аз мамлакати мо дар ин Бозиҳо 160 нафар ҳунарнамоӣ мекунанд.
«Тоҷикистон ҳамчун кишвари мизбон имтиёз дорад. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 нафар фарҳангшиносон ва санъаткорони варзида дар ҳайати ҳакамон дар даҳ номина иштирок мекунанд, ки се нафарашон раиси номинаҳо мебошанд: Артисти халқии СССР Зебо Аминзода (номинаи «Рақси мардумӣ»), овозхони маъруф Фурқат Саидзода (номинаи «Сарояндаи мардумӣ») ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев (номинаи «Сарояндаи опера»)»,- гуфт муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».
Гуфта шуд, ки дар рӯзҳои баргузории Бозиҳои Делфӣ 55 нафар иштирокчиёни конфронс, аъзои ҳакамон ва меҳмонон аз ҳисоби ҳайатҳо ба Тоҷикистон меоянд. Дар маҷмӯъ, дар ҳамоиши байналмилалӣ 500 нафар иштирокчиёни аз 10 то 25-сола ва профессорони кишварҳои ИДМ ширкат меварзанд.
«Иштирокчиёни ин ҳамоиши байналмилалӣ аз ҳамдигар таҷриба омӯхта, инчунин бо маданият ва расму оинҳои бойи тоҷикон шинос мешаванд. Бозиҳои Делфӣ ба ҷашни фарҳанги муттаҳидкунандаи мардум табдил хоҳанд ёфт», — гуфт Манучеҳр Шарифзода.
Мавсуф зикр намуд, ки барои ҳамаи меҳмонон ва иштирокчиёни Бозиҳои Делфӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ ташкил гардидааст.
16-17 октябр иштирокчиёни Бозиҳо ва ҳайатҳои эҷодӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан менамоянд. Барои меҳмонон ва иштирокчиён дар “Боғи Ирам”-и шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ доир мегардад. Дар назар аст, ки меҳмонон ҳамчунин аз яке аз ёдгориҳои қадимии кишвари мо — Қалъаи Ҳисор дидан намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






