Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд: «Равобити Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба таври афзоянда рушд мекунанд»
ДУШАНБЕ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Саудро 3 октябр дар Қасри миллат ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.
Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд пас аз мулоқот бо намояндагони ВАО суҳбат намуд.
Ба гуфти ӯ, имрӯз равобити Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба таври афзоянда рушд мекунанд. Имсол ба барқарор шудани равобити дипломатӣ миёни ду кишвар 30 сол пур шуд.
Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд зикр кард, ки имрӯз зимни мулоқот дуруду паёми ходими Ҳарамайни Шарифайн ва Валиаҳдро ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин салому шодбошии роҳбарияти олии кишварро ба мардуми Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии ҳамкории ду кишвар расонид.
«Бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошу ҳоҳиши ҷониби Саудиро дар хусуси рушди ҳамкорӣ миёни ду кишвари дӯст ва равнақи ҳамшарикии мавҷуда байни ду кишвар ва, аз ҳама муҳим, имконияти ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиву зербиноӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор додем», — тазаккур дод Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ.
Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд таъкид намуд, ки ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҷониби Тоҷикистон дар мавриди номзадии Арабистони Саудӣ барои мизбонии ЭКСПО -2030 изҳори сипос намудааст.
«Умед дорем, ки ин намоишгоҳ дар Арабистони Саудӣ роҳандозӣ мешавад ва Тоҷикистон дар он иштирок мекунад»,- гуфт Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд.
Ёдовар мешавем, ки 2 октябр Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Дар Ҷопон дар мавзуи «Устувонаи Куруш: Пайванди таърихии байни гузашта ва ҳозира – назари муосири Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Риёз мулоқот намуд
Масъалаи таъсис додани Маркази зиддимухаддироти СҲШ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Тоҷикистон ташаббускори қабули қатънома дар иҷлосияи 82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ гардид
Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон дар бахшҳои нафту газ баррасӣ гардид
Дар Москва имконоти сармоягузории вилояти Суғд муаррифӣ карда шуд
Сафири Тоҷикистон дар Олмон бо Президенти Ландтаги Саксония-Анҳалт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Форуми минтақавӣ оид ба рушди устувори Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Идибек Қаландар бо роҳбари Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Шараф Шерализода дар ҷаласаи ассамблеяҳои ғайринавбатии кишварҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ иштирок намуд






