Муносибатҳои парлумонии Тоҷикистон ва Эрон густариш меёбанд
ДУШАНБЕ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Эрон Файзулло Баротзода бо намояндаи Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷид Насироӣ ба муносибати ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, ки аз 31 октябр то 6 ноябр идома меёбанд, мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон аз оғози истиқлолияти давлатии кишвар шурӯъ гардида, борҳо дар вохӯриҳои сатҳи баланд миёни роҳбарони олии сиёсии Тоҷикистон ва Эрон, машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ҳарду мамлакат муҳокима гардиданд ва натиҷаҳои дилхоҳ ба даст омаданд. Натиҷаи ин заҳмату талошҳо буд, ки намояндагони ду кишвар имрӯз бо ҳам дар шакли ҳузурӣ суҳбату мулоқот анҷом медиҳанд.
Боздидҳои расмии роҳбарияти олии Тоҷикистон ва Эрон аз кишварҳои ҳамдигар, гуфтушунидҳои дӯстона, инчунин санадҳое, ки дар ҷараёни ин боздидҳо ба имзо расидаанд, барои рушди минбаъдаи муносибатҳо заминаи устувор гузоштанд ва роҳу усулҳои татбиқи қарордодҳои имзошударо муайян намуданд.
«Пешрафти кунунии ҳамкории ду кишвар собит намуд, ки дипломатияи парлумонӣ дар баробари дипломатияи анъанавӣ ҷиҳати таҳким ва тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ҷойгоҳ ва саҳми бориз дорад. Мо аминем, ки гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Эрон дар фаъолияти босамари худ ин рисолатро ба ваҷҳи писандида анҷом хоҳанд дод»,- афзуд Файзулло Баротзода.
Дар мулоқот инчунин раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, аъзои Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Эрон Насиба Содиқӣ иштирок намуд.
Ёдовар мешавем, ки аз 31 октябр то 6 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Имрӯз маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






