Мутахассисони «Тоҷикаэронавигатсия» қариб ба 50 ҳазор ҳавопаймои ватанӣ ва хориҷӣ хизмат пешниҳод намуданд
ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисону кормандони Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия» соли равон қариб ба 50 ҳазор ҳавопаймои ширкатҳои гуногуни ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ хизмати аэронавигатсионӣ пениҳод намуданд.
Ин нуктаро Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода дар ҷаласаи ҷамъбастие, ки зимни он фаъолияти хоҷагиву истеҳсолии корхона дар нуҳ моҳи соли равон натиҷагирӣ гардид, зикр намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба КВД «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ медиҳад, дар ин давра долони нави ҳавоии FUNSE ва хатсайри ҳавоии Z767 ифтитоҳ гардида, таҷдиду навсозии якчанд таҷҳизоти фаннӣ ва таъмини барномавии муосири таҷҳизоти корхона амалӣ гардид.
Ҳамзамон доир ба комёбиҳои корхона дар ин давра ва омилҳои нави хавасмандгардонӣ, ки ба беҳбуди сифати фаъолият ва истироҳати коргарон нигаронида шудаанд, табодули назар сурат гирифт.
Гуфта шуд, ки вазъи кунунии фаъолияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» аз манфиатоварии босуботи корхона, устувории он, сари вақт пардохт намудани андозҳо ба буҷети давлатӣ ва музди кормандон шаҳодат медиҳад. Илова бар ин, барои рушди воҳидҳои сохтории корхона фонди молиявии ҷамъшаванда таъсис дода шуда, сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ вобаста ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосир тамоюли беҳтар ва рушд дорад.
Дар ҷаласа инчунин муовини Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Азиз Набизода ба фаъолияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ва рушди иқтидори истеҳсолию иқтисодии корхона, дар маҷмӯъ авиатсияи ватанӣ баҳои баланд дод. Набизода афзуд, ки КВД «Тоҷикаэронавигатсия» сохтори устувортарин ва рушёбандаи авиатсияи граждании кишвар мебошад. Таъкид шуд, ки корхона «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025»-ро мунтазам амалӣ ва технологияҳои наву муосирро муваффақона ҷорӣ намуда, ба омода намудани кадрҳои ҷавон ва бозомӯзии мутахассисони собиқадор таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
АКС: КВД «Тоҷикаэронавигатсия»










35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд






