«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН…». Дар Душанбе Иди Меҳргон бо шукӯҳи хосса таҷлил мегардад

Октябрь 4, 2022 09:08

ДУШАНБЕ, 04.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт  бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди Меҳргон ҳамроҳ бо Фестивал-намоиш маҳсулот  ва техникаҳои кишоваразӣ  бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Туйчизода.

Дар ҷашнгоҳ  деҳқонони мамлакат  аз  тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти тозаи  кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷотро  пешниҳоди иштирокдорон менамоянд.

Дар назар аст, ки дар ҷашни мазкур  намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Донишкадаи аграрии Тоҷикистон ва фаъолони вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намоянд.

Ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ  омода гардида, ҳунармандони  мардумӣ осори дасти хешро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд. Дар ин рӯз баргузории барномаҳои фарҳангию театрӣ дар назар буда, ба иштирокчиён ва кишоварзон туҳфаю ифтихорномаҳо тақдим мегарданд.

Хотиррасон мешавем, ки  Иди Меҳргон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009  дар ҷумҳурӣ чун иди миллӣ  таҷлил карда мешавад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд «Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дўстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рўёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дўстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст».

Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида, мисли  ҷашнҳои таърихии  Наврӯз,  Сада,  Тиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод  маҳсуб мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 зимни таҷлили ҷашни 80-солагии таъсиси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон гуфта буданд: «Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассуми суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки он ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз боқӣ монда, ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд».

Меҳргон воқеан ҳам ҷашни  мардумӣ буда, маҳбубияти он  аз замонҳои бостон то рӯзгори мо расидааст.

Тавре Манучеҳри Домғонӣ дар васфи Меҳргон сурудааст:

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,
Пурфайз бод хони шумо аз нуру нору арғавон…

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 4, 2022 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд