Вакилон бо интихобкунандагон доир ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, даъвати тирамоҳӣ ва захираи маводи озуқаворӣ суҳбат намуданд

Октябрь 18, 2022 13:45

ДУШАНБЕ, 18.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи шаҳри Кӯлоб Шарифҷон Ҳакимзода бо интихобкунандагон вохӯрӣ баргузор гардид.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.

Шарифҷон Ҳакимзода оид ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноки замин, захира намудани маводи озуқаворӣ барои фасли сармо, сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи дурусти насли наврас ва ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар ибрози андеша намуд.

Дар фарҷоми мулоқот вакили Маҷлиси  намояндагон Шарифҷон Ҳакимзода ба саволҳои сершумори интихобкунандагон посух гуфт.

Инчунин дар ноҳияи Кӯшониён  бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Муҳаммад Султонзода бо фаъолони ноҳия доир шуд.

Дар мулоқот асосан вобаста ба самаранок истифода бурдани замин, ҷамъоварии ҳосили пахта, омодагиҳо ба кишти тирамоҳӣ, иҷрои босифати даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ  табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон доир ба  сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози назар карда шуд.

Дар баробари ин дар доираи амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва КИ ҲХДТ дар ноҳия суҳбату вохӯриҳо миёни сокинону интихобкунандагони маҳаллаи «Шафақ» доир шуданд.

Дар вохӯрӣ раиси кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ, вакили Маҷлиси намояндагон  Парвина Меликзод, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода, мудири бахши кор бо занони мақомоти иҷроия Манижа Аминова ва сокинони маҳалла иштирок намуданд.

Насиба Содиқӣ гуфт, ки «дар шароити басо мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он вазифаи ҷонӣ, масъулияти виҷдонӣ ва қарзи имонии ҳар фарди бонангу номуси миллат мебошад». Дар робита ба ин мавсуф оид ба нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Таъкид шуд,  ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Бо ин мақсад дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсил сохта, ба истифода супорида шаванд.

Дар вохӯрие, ки бо фаъолони шаҳри Исфара сурат гирифт, вакилони Маҷлиси намояндагон  Муҷибахон Ҷавҳарӣ ва Мавзуна Шамсиддинзода бо кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ ва фаъолони дигар соҳаҳо суҳбат намуданд.

Вакилон иброз доштанд, ки соҳаи илму маориф таҳти сарпарастӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат қарор дошта, яке аз самтҳои  муҳим ва афзалиятноки  сиёсати давлатӣ эътироф шудааст. Зеро ояндаи дурахшони Тоҷикистон маҳз аз низоми тарбияи насли наврас ва сатҳи касбияти мутахассисон вобастагии амиқ дорад.

 

Акс: МН МО ҶТ 

Октябрь 18, 2022 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»