«ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд

Октябрь 4, 2022 15:47

ДУШАНБЕ, 04.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забон ва Истиқлол» Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар он забоншиносони варзидаи мамлакат, муҳаққиқони соҳа иштирок намуда, вобаста ба мавзӯъҳои пешниҳодгардида мулоҳизаҳои худро баён доштанд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зимни ҳамоиш Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода иброз дошт, ки забон ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллист. Аз ин рӯ бояд аз он пуштибонӣ намуд ва барои покизагии он талош варзид. Чунин мавқеъро, пеш аз ҳама, Пешвои миллат содиқонаву пайгирона пеш гирифтаанд, ки мардуми кишварро дар роҳи ватандӯстиву ифтихори миллӣ илҳом мебахшанд.

«Маҳз ба шарофати суханрониҳои фасеҳу гуворои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доманаи корбурди сиёсии забони тоҷикӣ фарох гардида, зарфияти он дар ифодаи муҳимтарин матлабҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ ба кор бурда шуд»,-гуфт Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Зикр шуд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санади муҳим ва саҳифаи нав дар рушди забони давлатӣ мебошад. Қонуни мазкур бо Конститутсияи кишвар комилан созгор буда, ба таъмини озодиҳои асосии инсон марбут аст. Он дастгирии на танҳо забони миллати асосии кишвар, балки рушду такомул ва амали забонҳои миллатҳои дигари сокини мамлакати моро кафолат медиҳад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба густариши амалии забони тоҷикӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшида, онро аз муҳити хонавода берун баровард ва ба таври воқеиву иҷтимоӣ мавриди истифодаи умум қарор дод.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллии забониро аз вазифаю ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа ҳисобида, моро вазифадор мекунад, ки барои рушду густариши забони давлатиамон чӣ дар дохил ва чӣ хориҷи кишвар камари ҳиммат бандем. Ҳамзамон иқдоми марбут ба ин масъаларо мунтазам миёни  тамоми қишрҳои ҷомеа амалӣ сохта, ба роҳ монем. Зеро забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонии миллати мост.

Иштирокдорон бо ифтихор иброз доштанд, ки бо забони тоҷикии форсӣ мардумони беш аз 29 кишвари ҷаҳон гуфтугӯ мекунанд. Забони тоҷикӣ аз ҷиҳати калимасозӣ ва ибораороӣ дар сархати забонҳои дунёст ва имкон дорад, ки дар ин радиф беш аз 225 миллион калима ва вожа бисозад. Ин ҳама аз тавонмандӣ, шаҳомат ва бузургиву нодирии забони ноби тоҷикӣ шаҳодат медиҳад.

Дар конференсия зиёда аз 54 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ дар самти сиёсати имрӯзаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи забони давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар мавзӯи «Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди забони давлатӣ» «Таъсири омилҳои фарозабонӣ ба забон», «Забони тоҷикӣ дар масири таърих», «Муассирии забони тоҷикӣ дар рушди забонҳои минтақа» ва ғайра маърӯзаҳо ироа гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 4, 2022 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид