«ҲАСТИИ МО ДАР НИШОНУ ПАРЧАМ АСТ…». Ливои Тоҷикистон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид парафшон аст

Ноябрь 23, 2022 13:57

ДУШАНБЕ, 23.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Мояи ифтихору сарфарозист, ки Парчами давлатии тоҷикон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои ҷаҳоние, ки Тоҷикистон узви онҳост, инчунин сафоратҳо ва намояндагиҳои кишварамон дар давлатҳои дигар пайваста партавфишонӣ мекунад. Чунин иброз намуд декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Зафари Шариф бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон.

Зафари Шариф бо ифтихор мегӯяд, ки «шарафманд аз онем, ки Пешвои миллат ба ҳар кишваре сафар карда, мулоқот анҷом диҳанд ё варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳо пирӯзӣ ба даст оранд, баробари садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатии Тоҷикистон низ афрохта мешавад.

Дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи олӣ ва фарҳангии берун аз кишвар низ ҳунармандон ба хотири гиромидошти арзишҳои миллӣ парчамро парафшон мекунанд. Ҳунармандони машҳури кишварамон меҳру муҳаббати худро нисбат ба Парчами давлатӣ дар шеъру суруд ва таронаҳои худ таҷассум мекунанд, ки нишони арҷгузорӣ ба рамзи давлатӣ мебошад».

Ҳамсуҳбати мо чунин пешниҳод дорад, ки барои дар замири насли наврас бедор намудани ҳисси хештаншиносиву ватанпарварӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ хуб мешуд озмуни ҳарсолаи «Парчам-нишони ҳастии миллат» баргузор карда шавад. Онро метавон ҳар сол дар китобхонаҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир намуд.

«Инчунин ба роҳ мондани гӯшаи доимамалкунандаи «Парчами мо – ифтихори мо» дар китобхонаҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкили чорабиниҳои китобхонавию иттилоотӣ таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!» дар китобхонаҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба баланд бардоштани донишҳои иттилоотии мардум нисбат ба рамзҳои давлатӣ мусоидат мекунад», — мегӯяд ӯ.

Дар баробари ин, олимону муҳаққиқони тоҷикро зарур аст, ки саҳифаҳои норавшани давлатдорию парчамдории моро бо ҳусни зеҳн ва мӯшикофона мавриди таққиқ қарор диҳанд, сарнавишти «Дирафши Ковиён» ва кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллатро дар самти андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба қабули Парчами давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ бо далелҳои муътамад ба мардум нишон диҳанд.


Шоире барҳақ фармуда:

Ҳастии мо дар Нишону Парчам аст,
Ҳар яке дар маънии худ олам аст.

«Рамзҳои муқаддаси миллии мо, аз ҷумла Парчами давлатӣ дар лаҳзаҳои ниҳоят ҳассоси таърихи миллати мо қабул карда шуданд. Барои расидан ба ҳадаф дар он айём дар баробари нангу номус доштан боз ҷасуриву далерӣ ва фидокориву қаҳрамонӣ зарур буд. Бинобар ин, мо бояд шукӯҳу шаҳомати онҳоро барои хештаншиносӣ, истиқлолияту сарҷамъӣ, ваҳдату ягонагӣ дар адабиёти бадеии ватанӣ ва хориҷӣ тараннум ва таҷассум намоем»,- изҳор намуд декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Зафари Шариф.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 23, 2022 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид