Бахшида ба Рӯзи Президент дар Агентии содирот ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд

Ноябрь 15, 2022 15:50

ДУШАНБЕ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентӣ.

Дар ҷаласа муовини якуми Директори Агентии содирот Бахтиёр Назирмадзода иброз дошт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамасола 16 ноябр-  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун иди миллӣ таҷлил менамоянд. Ба ин сана рост омадани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ибтидо мегирад, ки 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1994 тариқи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Бо Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти ҷомеа ва таърихи давлатдории тоҷикон нуқтаи ҳалкунанда гузошта шуд.

«Тавре тамоми ҷомеаи Тоҷикистон иттилоъ доранд, баъди пайдо кардани истиқлолияти давлатӣ ватани мо ба гирдоби низои шаҳрвандӣ дармонд. Дар чунин вазъияти мураккаби сиёсӣ-иҷтимоӣ маҳз ташаккули ниҳоди президентӣ, ки бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта буд, метавонист моро аз оташи ин низоъ раҳоӣ бахшад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои сиёсӣ ва роҳбари давлат дар ҳамон замони барои миллати тоҷик фоҷиабор тавонист мавқеи комилан дурусти сиёсиро интихоб намуда, ба тоҷикон сулҳу субот оварад. Рушди ояндаи мамлакат ва интихоби роҳи дигаргунсозии демократии ҷомеа, ваҳдати миллӣ бевосита бо ниҳоди президентӣ вобаста аст ва меҳвари он Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошанд»,-иброз дошт Бахтиёр Назирмадзода.

Дар ҷамъомад кормандони Агентӣ зикр намуданд, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мукаммалгардонии Низоми миллии дастгирии содирот тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат амалишавии чораҳои зарурӣ идома дорад.

Бахшида ба Рӯзи Президент барои саҳми арзанда дар фаъолияти Агентӣ ва рушди содироти мамлакат аз ҷониби Агентии содирот ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон кормандони фаъол бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

АКС:Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 15, 2022 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад