«МИЛЛАТИ МУТТАҲИДУ САРҶАМЪ БА РАФЪИ ҲАМА ГУНА МУШКИЛОТ ҚОДИР АСТ». Дар ин бора Президенти Тоҷикистон изҳори эътимоди комил намуданд
ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунии ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ҳатто як лаҳза ҳам аз масъалаи ҳифзи соҳибихтиёрӣ, таъмини амнияти давлату миллат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ғофил набошем. Дар ин бора Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси ботантана, ки имрӯз дар Қасри «Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардид,таъкид намуданд.
Дар робита ба ин Сарвари давлат бори дигар шаҳрвандони кишварро даъват намуданд,ки бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худ дар назди халқу Ватан минбаъд низ дар рушду тараққиёти бомароми давлати соҳибистиқлоламон ва раванди созандагии сарзамини муқаддасу биҳиштосоямон боз ҳам бештар ҳиссагузор бошад.
Бино ба суханони Пешвои миллат, мо то имрӯз бисёр мушкилоти ҷомеа ва давлатамон, аз ҷумла бемории хатарноки КОВИД – 19-ро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва бо кумаку дастгирии ҳамдигар аз сар гузаронидем.
«Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки мо ба ҳалли дигар мушкилоту масъалаҳои ҳаётамон ҳатман ноил мегардем, зеро миллати муттаҳиду сарҷамъ ба рафъи ҳама гуна мушкилот қодир аст», — изҳор доштанд Эмомалӣ Раҳмон.
Дар робита ба ин Сарвари давлат таъкид намуданд, ки мо бояд ба таълиму тарбияи фарзандонамон, яъне соҳибони ояндаи давлат ва миллат эътибори аввалиндараҷа диҳем, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, заҳматдӯстӣ, эҳтироми падару модар, калонсолон ва одобу ахлоқи ҳамидаи миллӣ тарбия кунем.
«Мо барои таъмин намудани ободии ояндаи Ватанамон бояд истеъдодҳои ҷавонро дастгирӣ намоем ва аз байни онҳо олимону донишмандон, муҳандисону меъморон, табибону омӯзгорон, ихтироъкорону навоварон, лоиҳакашону бинокорон ва дигар кадрҳоеро тарбия кунем, ки фардои дурахшону осудаи давлату миллатро таъмин карда тавонанд», — гуфтанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






