Ғолибони Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд

Ноябрь 15, 2022 16:37

ДУШАНБЕ, 15.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ҷамъбаст ва қадршиносии ҷоизадорони Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!» дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардид. Фестивал аз рӯи 7 намуди варзиш: гӯштини миллӣ, шоҳмот, тенниси рӯи миз, варзиши сабук, футбол, баскетбол, волейбол баргузор шуда, дар он 237 нафар ғолибон бо диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зимни ифтитоҳи фестивал муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одинзода иштирокчиён ва ғолибонро аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе табрик намуда, иброз дошт, ки бо таваҷҷуҳ ва роҳнамоиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ истиқбол гирифтани ҷашнҳои миллию таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 28 октябр то 14 ноябр Фестивали 3-юми дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!» миёни муҳассилини донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди пойтахт баргузор карда шуд.

Фестивали мазкур соли сеюм аст, ки баргузор гардида, ҳадаф аз он  баланд бардоштани ҳисси миллӣ, худшиносиву ватанпарастии ҷавонон, ҷалби аҳолӣ ба варзиш, таъмини оммавият, дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ, ҳавасмандии насли ҷавон нисбат ба дастгириҳои давлатӣ дар бахши варзиш ва пешгирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ миёни насли ҷавон ба ҳисоб меравад.

Зикр шуд, ки аз оғози расмии фестивал, яъне 2 ноябр то анҷоми он қариб 12 ҳазор нафар сокинони пойтахт, аз ҷумла ҷавонон ба ҷалб гардида, ба ҳавасмандӣ ва иттилооти зарурӣ фаро гирифта шуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС)

АМИТ «Ховар»

Ноябрь 15, 2022 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Дар Душанбе хатсайри нави автобуси барқӣ ба фаъолият оғоз намуд
Масоили рушди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе бо БАТР баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид