ПАРАФШОН ПАРЧАМАТ ТО ОСМОН БОД! «Сутудан, сурудан ва некӯ нигаҳ доштан- арҷгузорӣ ба ин рамзи муқаддаси давлатдорист»,- мегӯяд ҳуқуқшиноси маъруф Содиқ Шоназаров

Ноябрь 23, 2022 14:48

ДУШАНБЕ, 23.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин ҷашн андешаҳои мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Содиқ ШОНАЗАРОВро пешкаши хонандагон мегардонем.     

— Ҳар давлат Парчами худро дорад ва ин хоси давлатдорист. Тоҷикистон низ баъди ба даст овардани озодӣ парчамдору парчамбардор шуд ва ба парчамдории аҷдодони парчамдори худ идома бахшид. Имрӯз Парчами давлати мо дар пештоқи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар баробари парчами дигар кишвару созмонҳои ҷаҳонӣ парафшонӣ мекунад. Албатта, ин мояи ифтихори мо, тоҷикон аст. Дар ин росто бояд гуфт, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ (9 сентябри соли 1990) Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид шуд (2 марти соли 1992). 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйдиҳӣ мардуми Тоҷикистон Конститутсияи худро пазируфт. Бо ин санади асосӣ дар баробари дигар аркони асосии давлатӣ ба намодҳои давлатӣ-Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ бунёди ҳастӣ гузошта шуд (моддаи 3 Конститутсияи Тоҷикистон).

Ҳамчунин вобаста ба рамзҳои давлатӣ соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки як боби он ба Парчами давлатӣ бахшида шудааст. Ба андешаи ман, он бояд такмил дода шавад, зеро дар он танҳо тартиби истифодаи Парчам баён шудааст. Хубтар аст, ки дар ин қонун мазмуну мафҳуми Парчам, сифат ва дигар паҳлуҳои хоси он фарохтар баён карда шаванд. 

Содиқ Шоназаров, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ

Парчами мо аз се ранг-сурх, сафед ва сабз иборат аст. Ранги сурх-нишон ё намоди набарду дард дар роҳи кишвардорӣ ва озодист. Ранги сафед- нишони рӯзгори ободу осоишта, осмони софу беғубор ва бахти сафед аст. Ранги сабз- озодӣ, ободӣ, сарсабзиву хуррамӣ ва рушду нумӯ аст. Дар байни рангҳо, дар рӯи Парчам сурати тоҷ бо ҳафт ситора ҷойгир шудааст, ки он нишони тоҷдор будани мардуми тоҷик, нишони фарри каёнӣ ва ситораҳо намоди ситораҳои ҳафт додарон, ҳафт осмон, ҳафт рӯз ва ҳастии мардуми тоҷик аст. Намоди устувориву ҷовидонии ситораи мардуми тоҷик аст. То он даме, ки ситораи мо дар осмон дурахшон аст, мо ҳастем, мо хушбахтем, мо ҷовидон хоҳем буд. Ва орзу мекунем, ки чунин бошад.

Парчами давлатӣ бо қонун нигаҳбонӣ мешавад ва барои носипосӣ нисбат ба он ҷазои интизомӣ, амрӣ ва ҷазои ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.

Мардуми порсу тоҷик нахустмардумони парчамдору парчамбардор буданд. Ин нишон аз шаҳрдориву шаҳриёрӣ ва кишвардориву подшоҳист. Заҳҳок Шоҳ Ҷамшедро кушта, зимоми давлатро ба даст гирифт ва замоне аз ду сӯ ба души ӯ ду аждаҳо пайдо шуд, чораи нестии онро дар хӯрондани мағзи сари одамон ба онҳо дид ва ба ин андеша одамони бисёрро кушта, ҳар рӯз мағзи сари онҳоро хӯриши морони худ кард. Пас аз кушта шудану хӯроки морони Заҳҳок гардидани мағзи сари ду писараш Коваи оҳангар пешдомани чармии худро ба нӯги найза баста, бар зидди Заҳҳок шӯриш кард ва бо ёрии мардум Заҳҳокро аз тахт фароварда, ӯро кушт ва зимоми ҳокимиятро ба Фаридун дод. Парчамдории мо аз ҳамон вақт оғоз шудааст. Ва ин пешдомани Кова то имрӯз бо номи «Дирафши Ковиён» ё «Дурафши Ковиён» ёд мешавад.

Парчамдорӣ нишони пирӯзӣ, озодӣ ва кишвардорист. Шояд вожаи «ура», ки ҳарбиён дар вақти боястӣ ба забон мебаранд, ҳамин ҳура–пирӯзӣ-озодии мо бошад.

Шоҳ Фаридун ва шоҳони пасин ин Парчамро гиромӣ дошта, ба он дурру гавҳарҳои гаронбаҳо часп медоданд ё насб мекарданд ва ҳангоми ғорати Кохи Кисро (Тайсафун- нахустин Кохи сапед дар ҷаҳон) тозиён дар баробари дигар дороиҳо Дирафши ковиёнро низ ба ғорат бурда, сангҳои онро гирифта, Парчамро сӯзонданд. Ҳамчунин пойандоз ва ё қолини Кохи сапедро, ки андозааш 60х60 газ буд, низ пор-пора карда, байни худ гирифтанд. Дареғ.

Ғорат бикуниву моли мардум бибарӣ,
Кофар бошам, агар мусалмон бошӣ.

Ҳилолӣ

Ё:

Гар мусалмонӣ ҳамин аст, ки Ҳофиз дорад,
Оҳ агар аз паси имрӯз бувад фардое.

Ҳофиз

Воқеан ҳам, бегонагон давлату савлат, тахту бахт ва тоҷу парчами тоҷикро рабуданд. Вале тоҷикон аз нав соҳибдавлат, соҳибтоҷ ва соҳибтахту соҳиббахт шуданд. Парчами худро бозпас гирифта, болову баланд устувор карданд. Ва имрӯз Парчами мо яке аз баландтарин Парчам дар ҷаҳон аст, ки бо ташаббуси Пешвои гиромӣ, Президенти муҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон устувор карда шуд ва ба дили бошандагони кишвар шодиву фараҳ мебахшад. Ҳамчунин бо нишони арҷгузорӣ ба Парчам як боғе бо номи «Боғи Парчами давлатии Тоҷикистон» бунёд карда шуд, ки хеле зебову тамошобоб аст.

Парчам рамзи давлатдорист, рамзи бахту иқбол, нишони рӯзгори дирӯзу имрӯзи мост. Таҷассумгар ва пайванди дирӯзу имрӯз ва фардои мардуми тоҷик аст. Нишони пирӯзӣ ва озодист.

Мо, тоҷикон чун Президенти худ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами худро бояд дӯст дорем, ба он арҷ гузорем, онро гиромӣ дорем ва нигоҳбон бошем. Бо ин бузургиву ҳашмат Президенти муҳтарам дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд (чанд рӯз қабл 30-солагии он дар «Кохи Арбоб» бо иштироки Пешвои миллат  ботантана ҷашн гирифта шуд), Парчамро чун нишони арҷгузорӣ ба зону истода, бӯсиданд ва ба чашму рӯй молиданд. Гузашта аз ин, бо нишони эҳтиром маконашро дар баландиҳои баланд гузоштанд, ки ба китоби «Рекордҳои Гиннес» навишта шуд. Ҳар гоҳ ба он назар мекунем, дилҳои мо лабрези шодӣ мешавад.

Бигзор Парчами Тоҷикистон ҳамеша парафшон ва Офтобаш партавафшон, хокаш дурафшон ва чашмаву рӯду дарёҳояш пуроб, фазояш софу беғубор ва мардумаш ҳамеша шоду хуррам бошад.

Эй Тоҷикистон, ҷон Тоҷикистон,
Обат зарафшон, хокат дур(р)афшон.
Ҳар пора сангат, лаъли Бадахшон,
Офтобу Моҳат, бар мо нурафшон.
Эй Тоҷикистон, ҷон Тоҷикистон.

Вобаста ба Парчами давлатӣ шоирону нависандагон бисёр эҷод намудаанд ва ман низ бахшида ба Парчами давлатӣ манзумае навиштам, ки пешкаши хонандагон мекунам.

Сутудан, сурудан ва некӯ нигаҳ доштани Парчам арҷ гузоштан ба он аст, нишони ватандорист, нишони меҳру дилбастагӣ ба мардуми хеш ва фарҳангу забони хеш аст, доштани виҷдону имон аст. Хуш он мардуме, ки давлати озоду обод дорад, Парчам дорад, Сарвари хирадманд дорад, гузаштаи хуб дорад.

Мо, тоҷикон дорои чунин нишонаҳо ҳастем. Мо хушбахтем.

Ҷовидон бош эй Меҳани ман- Тоҷикистон- уммедгаҳи тоҷикони ҷаҳон, пайвандагари Пешдодиёну Каёниён, Ашкониён, Сосониёну Сомониён. Кишвари зебои Ориён- Тоҷикистон, Тоҷикистон, Тоҷикистон.

***

Муаллифи ин мақола бо тахаллуси Содиқи Кашрӯдӣ шеър низ менависад. Дар зер  шеъри таълифкардаи ӯро, ки Рӯзи Парчами давлатӣ бахшидааст, манзури ҳаводорони назм менамоем.

ПАРЧАМ

Нишон аз зоду аз озоди тоҷик.
Нишон аз кишвари ободи тоҷик.

Нишон аз таърихи дирӯзу имрӯз,
Нишон аз адлу доду бахти пирӯз.

Нишон аз шоҳу тахту тоҷи заррин,
Нишон аз мусҳафу аз кешу оин.

Нишон аз тахти Ҷамшеди ҷаҳонгир,
Нишон аз тоҷи Афредуни омир.

Нишон аз Коваю аз парчами ӯ,
Нишон аз ростиву кори некӯ.

Нишон аз боду хоку оташу об,
Нишон аз Рустаму Ковусу Сӯҳроб.

Нишон аз Борбад, аз Олӣ Сосон,
Нишон аз Рӯдакӣ, аз Олӣ Сомон.

Нишон аз пайки Зардушти паямбар,
Нишон аз Суғду аз Хоразму Бохтар.

Нишон аз манзилу маъвои тоҷик,
Нишон аз қисмату дунёи тоҷик.

Нишон аз чашмаву дарёву кӯҳаш,
Нишон аз шавкату шону шукӯҳаш.

Нишон аз шоирону аз забонаш,
Нишон аз шеъру байту достонаш.

Нишон аз мутрибу аз шашмақомаш,
Нишон аз бодаву маҳфилу ҷомаш.

Нишон аз деҳу шаҳру шабчароғаш,
Нишон аз мазраву аз боғу роғаш.

Варо сурхӣ нишонҳо аз набард аст.
Набарде, ки дар он андӯҳу дард аст.

Сафедии рухаш бахти сафед аст.
Ба роҳи зиндагониҳо умед аст.

Рухи сабзаш рамзи сарбаландист,
Баландиаш нишони арҷмандист.

Ки тоҷаш нусхаи тоҷи Каён аст,
Ки ҳафт исторааш ҳафт осмон аст.

Ки Шоҳи кишвараш шаҳбозу бабр аст,
Тавоною баланд, шери ситабр аст.

Ки Пешво аст- Пешвои хирадманд,
Раҳу рояш ба кори нек пайванд.

Ба некон з-ӯ навою бору барг аст,
Бадонро аз ниҳебаш бими марг аст.

Сазад, ки бод доим Сарвари мо,
Нигаҳдорандаи тоҷу фари мо.

Пару парвози тоҷик ҷовидон бод.
Парафшон Парчамаш то осмон бод!

Ноябрь 23, 2022 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»