Роҳбарияти нави Федератсияи бокси Тоҷикистон интихоб шуд

Ноябрь 14, 2022 15:27

ДУШАНБЕ, 14.11.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Конференсияи Федератсияи бокси Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он истеъфои президенти федератсия Бег Сабур тасдиқ гардида, номзадии Комил Мирзоалӣ ба ҳайси президенти нави Федератсияи бокси Тоҷикистон пешбарӣ ва аз ҷониби аъзои федератсияи интихоб гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпӣ хабар медиҳад.

Комил Мирзоалӣ ба иштирокчиёни ҷаласа барои боварӣ изҳори миннатдорӣ карда, иброз дошт, ки “Ба Бег Сабур барои иҷрои вазифаҳояш дар вазифаи президенти Федератсияи бокси Тоҷикистон изҳори сипос мекунем. Дастоварди варзишгарони мо дар чанд соли охир назаррас аст. Аз ҷумла, ду рӯз пеш ду варзишгарамон – Баҳодур Усмонов ва Муҳаммад Аброриддинов дар Чемпионати Осиё дар Урдун ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд. Дар намуди бокс мо ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ, ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои Осиё, Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё дорем. Талош мекунем, ки дастовардҳо боз ҳам бештар шаванд ва ин бе дастгирӣ ва ҳамкории якҷояи мураббиён имконпазир нахоҳад шуд”.

Дар идома бо пешниҳоди президенти нави федератсия Мирзоалӣ Муҳаммад котиби генералии Федератсияи бокси Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров, ки дар ҷаласа ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ иштирок дошт, иброз дошт, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо федератсияи бокс ҳамеша омода аст.

АКС: КМО Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2022 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивал баргузор менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони тоҷик дар беш аз 80 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва грэплинг байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид
Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд