СОБИҚ РАИСИ ҶМЧ ТСЗЯН ТСЗЕМИН АЗ ОЛАМ ДАРГУЗАШТ. Маҳз дар замони роҳбарии ӯ равобити Тоҷикистон ва Чин босуръат рушд ёфтанд

Ноябрь 30, 2022 15:10

ДУШАНБЕ, 30.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ва собиқ Дабири кулли Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин (КМ ҲКЧ) Тсзян Тсземин аз олам даргузашт. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Телевизиони марказии Чин хабар медиҳад, ӯ 96-сола буд.

Ба иттилои манбаъ, Тсзян Тсземин, ки аз бемории лейкоз ва норасоии функсионалии узвҳои дарунӣ ранҷ мебурд, зӯҳри имрӯз дар Шанхай аз олам даргузашт.

Ӯ 17 августи соли 1926 дар шаҳри Янчжоуи музофоти шарқии Тсзнсуи Чин ба дунё омада, аз июни соли 1989 то ноябри соли 2002 дар вазифаи Дабири кулли КМ ҲКЧ кор кардааст. Солҳои 1993-2003 раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин буд.

Чин шарики стратегии Тоҷикистон буда, имрӯз пояи заминаи ҳуқуқию шартномавии ду кишварро беш аз 200 созишномаи байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд. Таҳким ва густариши равобити дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ин кишвар яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад.


Тсзян Тсземин мисли Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз ташаббускорони таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ, 2001) буд.

5 июли соли 2000 дар Душанбе яке аз нишастҳои таърихӣ ва панҷуми он замон «Панҷгонаи Шанхай» баргузор шуд. Маҳз дар ҳамон ҷаласа ғояи ташкили созмони минтақавӣ дар шакли нав бори аввал ба миён омад. Ин ғояро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда буданд.

Тсзян Тсземин аввалин шуда, 3 июл бо ҳавопаймои «Боинг 747»-и худ ба ҷаласаи сарони «Панҷгонаи Шанхай» ба Душанбе омад. Ин ташриф ҳамчунин аввалин сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон дар таърихи кишварҳои мо буд.

Дар изҳороти хаттии роҳбари Чин, ки фавран дар фурудгоҳи Душанбе паҳн шуд, аз ҷумла гуфта мешавад:

«Бо даъвати Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмонов ба шаҳри зебоманзари Душанбе, ба назди ҳамсояи дӯстамон бо сафари давлатӣ ташриф овардан бароям шодии беандоза мебахшад. Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба мардуми Тоҷикистон саломи гарм ва таманниёти неки мардуми Чинро расонам».

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин зимни боздид аз маҷмааи ёдгории «Ваҳдат» дар майдони марказии шаҳри Душанбе дидан намуда, бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт ва бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дод. Зимни нишасти хабарӣ дар поёни сафар ӯ чунин гуфт: «Ман ва Эмомалӣ Раҳмон бори ҳаштум аст, ки мулоқот дорем ва бо итминон метавонам бигӯям, ки равобити мо сол то сол мустаҳкамтар мешаванд ва дар асри нав пеш мераванд».


Зимнан, сафари Тсзян Тсземин дар равобити Тоҷикистон ва Чин дар садаи оянда марҳалаи нав боз кард. Кишварҳои мо аз шарикии тиҷоратию иқтисодӣ ба муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва бародарона гузаштанд. Ин аз Эъломия дар бораи муносибатҳои дуҷониба, ки сарони ҳарду давлат ба имзо расониданд, бар меояд.

Боз як ҷузъиёти ҷолиб. Дар ибтидои солҳои 2000-ум сифати ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Чин ба таври назаррас беҳтар шуд ва тавре зикр гардид, ин ба шарофати муносибатҳои хуби корӣ ва дӯстии шахсии Эмомалӣ Раҳмон ва Тсзян Тсземин имконпазир гардид. Сухан дар бораи беҳтар гардидани табодули мол миёни ду кишвар, ки дар панҷ моҳ се баробар афзоиш ёфт, дар бораи корхонаҳои муштараки Тоҷикистон ва Чин ва ғайра меравад. Ҷонибҳо ба ҳамкории судманд дар сатҳи корхонаҳои бузург ва фаъолсозии робитаҳои тиҷоратию иқтисодии гуногунсоҳа ва тағйирпазир бо назардошти вазъи бозор изҳори ҳавасмандӣ карданд. Тсзян Тсземин гуфт, ки кишвараш ба Тоҷикистон барои барқарор кардани иқтисоди ҷумҳурӣ ба маблағи 20 миллион юан кумаки ройгон хоҳад дод.

Мавқеи Э.Раҳмон ва Т. Тсзземин на танҳо дар масъалаи зарурати барқарор намудани муносибатҳо аз рӯи формулаи «Ҳамсояҳои дӯст ва шарикони нек», балки аз рӯи масъалаҳои Афғонистон ва Тайван низ ҳамсон буд. Буҳрони Афғонистон кайҳост маълум аст ва муносиботи роҳбарони Тоҷикистон ва Чин ба он чунин аст: ин буҳрон ҳалли ҳарбӣ надорад ва он танҳо аз тариқи музокироти сулҳомез ҳал хоҳад шуд. Дар хусуси Тайван мо дар ин ҷо принсипи Чини ягона, яъне эътирофи Тайван дар ҳайати ҶМЧ ва баъдан ба мисоли Ҳонконг ва Макао муттаҳидии онҳоро дар назар дорем.

«Мо Чинро дар замони мушкилоташ, вақте ин кишвари бузург ба дастгирии байналмилалӣ, масалан дар масъалаи Тайван ниёз дорад, пуштибонӣ мекунем», — гуфта буданд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ.

АКС: АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

Мавод дар асоси маълумоти АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз таҳия карда шудааст

Ноябрь 30, 2022 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Шараф Шерализода бо муовини котиби давлатии Котиботи давлатии Швейтсария оид ба молияи байналмилалӣ мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинӣ оид ба маблағгузории миллӣ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор иштирок намуд
Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии «ҷаҳони бе партов» иштирок намуд
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гашт
Деннис Фрэнсис саҳми Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои марбут ба об баланд арзёбӣ намуд
Дар Ню-Йорк аҳаммияти фаъолияти Раванди оби Душанбе баррасӣ гардид
Дар шаҳри Остона ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об иштирок намуд
Тоҷикистон ва Туркия муносибатҳои дуҷонибаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Москва Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар Ашқобод бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Берлин ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд