Дар Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд истифодаи босамари энергияро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 31.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мавзӯъҳои «Муаммоҳои тайёр намудани кадрҳои муҳандисӣ дар системаи маълумоти олии касбӣ дар соҳаи электроэнергетика ва электротехника», «Физика ва техникаи табдилдиҳии энергияи пневматикии баландфишор ба энергияи электрикӣ», «Сарфаи барқ ва истифодаи босамари энергия» ва ғайра дар конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Технологияҳои муосир дар электроэнергетика ва саноат» дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд муҳокима гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишкадаи политехникӣ хабар медиҳад.
Зикр шуд, ки муҳимтарин дастовардҳои соҳа- ин мавриди истифода қарор гирифтани иқтидори нави тавлиди неруи барқ, ба монанди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда 1», «Сангтӯда-2», Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 2, сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500 кВ «Душанбе-500», «Суғд-500», «Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ дар НБО-и Норак», хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол», зеристгоҳҳои барқии 220 кВ «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран-2», «Дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ дар НБО-и Норак» ва НБО-и «Қайроққум» ва ғайра ба шумор мераванд.
Гузашта аз ин ташаббуси навбатии Пешвои миллат оид ба эълон намудани соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфт. Ин ташаббус ба рушди «энергетикаи сабз» дар минтақа хеле саривақтӣ ва манфиатовар аст.


Дар конференсия гуфта шуд, ки бо дастгирии раёсати донишкада солҳои охир пояи моддию техникии кафедраи таъминоти барқ ва автоматика тадриҷан мустаҳкам гаштааст. Ҳоло дар назди ин кафедра 6 озмоишгоҳи бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонидашуда фаъолият мебаранд, ки ба гузаронидани машғулияти озмоишӣ, корҳои илмиву тадқиқотӣ аз тарафи донишҷӯён, магистрантону докторантон мусодат мекунанд.
Давоми даҳ соли охир зинаи бакалавриатро зиёда аз 1500 нафар, зинаи магистратураро 140 нафар ва зинаи докторантураро 12 нафар хатм намуданд. Ин мутахассисон дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва шабакаҳои барқии вилоят ва мамлакат муваффақона фаъолият мебаранд.
АКС: Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






