НАРХИ ТУХМИ МУРҒ БА ЧӢ ВОБАСТА АСТ? Ба ин савол муовини якуми Вазири кишоварзии Тоҷикистон Музаффар Мирзозода посух дод
ДУШАНБЕ, 01.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 ноябри соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 995,8 млн дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 162,2 млн дона (19,5%) зиёд мебошад. Бо вуҷуди ин дар бозору мағозаҳо нархи тухми мурғ боло меравад. Чаро? Ба ин савол муовини якуми Вазири кишоварзии Тоҷикистон Музаффар Мирзозода ба ҳафтаномаи «Тоҷикистон» посух дод.
Ба гуфтаи ӯ, ба ҳолати 1 ноябри соли 2022 дар ҷумҳурӣ 215 адад корхонаҳои парандапарварӣ мавҷуд мебошанд, ки аз онҳо 102 адад дар самти истеҳсоли тухм, 99 адад- истеҳсоли гӯшт, 8 адад- истеҳсоли гӯшту тухм ва 6 адад дар самти истеҳсоли тухми инкубатсионӣ ва чӯҷаи якрӯза фаъолият доранд.
«Дар айни замон нархи фурӯши яклухти тухм барои як дона дар корхонаҳои парандапарварии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла корхонаи парандапарварии «Мурғи Саман»-и шаҳри Кӯлоб, «Мурғи Порсиён»-и Леваканд, «Мурғи Хуросон»-и Хуросон, «Мурғи Ҳамадон»-и Ҳамадонӣ, «Панҷрӯд»-и Панҷ, «Мурғи Ҳилол»-и Файзобод, Ҳисор аз 1,15 то 1,20 сомонӣ ва дар корхонаҳои парандапарварии вилояти Суғд, аз ҷумла «Парандапарвар-2017», «Чӯҷаи Заррин», «Парандапарварии Хуҷанд» ва «Ваҳидов А»-и ноҳияи Б. Ғафуров, «Амири Хуҷандӣ»-и Ҷаббор Расулов, «Парандапарварии Мастчоҳ» ва «Афранг»-и Мастчоҳ, «Ҳоҷӣ Рауф»-и Деваштич ва «Симурғ»-и Истаравшан аз 1,10 то 1,20 сомониро ташкил медиҳад», — гуфт Музаффар Мирзозода.

ДАР АКС: дар Тоҷикистон зиёда аз 200 адад корхонаҳои парандапарварӣ фаъолият доранд. Акс аз манбаъҳои боз
Ӯ бар ин назар аст, ки нархи тухм, пеш аз ҳама, аз хароҷоти нигоҳдории паранда (хӯрок+хароҷоти барқ) ва интиқол ба истеъмолкунанда вобаста аст. Аммо, ба гуфтаи коршиносон, ба ин ҳамчунин болобарии нарх дар нуқтаҳои савдо, бахусус пеш аз идҳо — Соли нав, Иди Фитр ва Иди Қурбон илова мешавад.
«Баланд гардидани нархи молу маҳсулот, аз ҷумла тухм дар бозорҳои ҷумҳурӣ аз зиёд шудани хароҷоти истеҳсолӣ вобастагии зич дорад. Барои таъминоти корхонаҳои парандапарварӣ ашёи хом, аз ҷумла гандум, кунҷораи лӯбиё, орди гӯшту устухон, иловаҳои минералӣ ва дигар мавод барои истеҳсоли хӯроки омехта, дорувориҳои пешгирикунанда бар зидди бемориҳои сироятӣ аз хориҷи кишвар ворид гардида, арзиши хӯроки паранда (ба истиснои ҳамлу нақл) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 2 то 20 фоиз боло рафтааст, ки ба арзиши аслии тухм таъсири худро расонида истодааст», — тазаккур дод муовини якуми Вазири кишоварзии ҶТ.
Илова бар ин, ба гуфтаи М. Мирзозода, савдои тухми паранда дар бозорҳои шаҳри Душанбе бинобар сабаби аз шаҳру ноҳияҳои гуногун дастрас шудан ба арзиши нархи фурӯши он таъсир мерасонад. «Тавре аз натиҷаи мушоҳидаҳо бармеояд, бо назардошти аз якчанд даст гузаштан (миёнаравҳо) то нуқтаҳои фурӯш нархи 1 дона тухм 40-45 фоиз афзоиш меёбад», — илова намуд ӯ.
М. Мирзозода зикр кард, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ бо назардошти зиёд гардидани истеҳсоли тухм ва паст будани нархи фурӯши он дар асоси муроҷиати чандинкаратаи корхонаҳои парандапарварӣ ҷиҳати дастгирии онҳо барои содироти тухм ба хориҷи кишвар розигӣ дода шуд. Мутобиқи маълумоти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1 июли соли равон ба хориҷи кишвар 943 тонна (16,0 млн дона) тухм содирот карда шуд. Дар айни замон бо мақсади таъмини бозорҳои дохилии ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар содироти тухм дида намешавад.
«Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон ҷиҳати афзун намудани истеҳсоли тухму гӯшти паранда баҳри фаровонии бозори истеъмолӣ тамоми тадбирҳои судмандро андешида истодааст», — гуфт дар фарҷом муовини якуми вазир.
АКС аз манбаъҳои боз








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






