ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ шинос шуд
ДУШАНБЕ, 07.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи зимистон, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, баррасии масъалаву мушкилоти ҷойдошта ва таҳлили вазъи соҳа Ҷамолиддин Абдуллозода аз Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» ва Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.
Зимни боздиди Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади муътадил гузаронидани фасли зимистон дар муассисаҳои мазкур ба таври кофӣ маводи хӯрокворӣ ва доруворӣ захира гардида, шуъбаҳои беморхонаҳо пурра бо гармӣ таъмин мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мақоми хоса дошта, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.
Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарияти муассисаҳои зикршуда ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба беморон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад






