ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОИ ТОҶИКОН. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсия баргузор гардид

Декабрь 28, 2022 16:01

ДУШАНБЕ, 28.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат – роҳнамои халқи тоҷик» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи мазкур.

Ректори донишгоҳ Дилшод Раҳмон гуфт, ки Паём яке аз беҳтарин дастурҳои раҳнамунсоз дар ободкорию созандагиҳои Тоҷикистони азиз мебошад. Дар ҳақиқат, Паёме, ки пешниҳод гардид, дар он ягон соҳа аз мадди назари Пешвои миллат дур намонда, чун анъана дар ин раванд таҳлилҳои ҳаққонӣ мақоми меҳварӣ доштанд. Раванди рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар 5 соли охир аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлил қарор гирифт.

Зимни конференсия дар мавзӯъҳои «Паёми Пешвои миллат – ифодакунандаи мақсаду мароми мардум», «Ҷанбаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ» ва «Инъикоси масоили иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат» маърӯзаҳо шунида шуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Декабрь 28, 2022 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд