РОБОТ-СОХТМОНЧӢ. Донишгоҳи «Иннополис» онро дар ҳудуди Тоҷикистон ва 7 кишвари дигар соҳиби патент намуд
ДУШАНБЕ, 20.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи «Иннополис» роботи кабелии сохтмончиро дар ҳудуди ҳашт кишвар соҳиби патент намуд. Сохти ин робот барои интиқол осон ва он нисбат ба дигар принтерҳои сохтмонии 3D сабуктар аст, иттилоъ доданд ба ТАСС дар хадамоти матбуоти донишгоҳ.
Зикр карда мешавад, ки махсусияти роботи таҳияшуда- системаи кабелӣ мебошад. «Онро махсус барои майдони муайяни бино танзим кардан шарт нест, танҳо бурҷҳоро бо ғарғараи борбардорие, ки дар он ноқилҳо ҷойгир карда шудаанд, бояд дар масофаи дилхоҳ гузошт, омехтаи сохтмониро ба зарф рехта, бузургиҳоро интихоб кард ва раванди чопи 3D-ро бо асбоб бояд оғоз намуд»,-шарҳ доданд дар хадамоти матбуотӣ.
Дар хадамоти матуботӣ иброз намуданд, ки сохтори робот ҳангоми аз як ҷо ба ҷои дигар бурдан хеле роҳат буда, нисбат ба дигар намуди принтерҳои сохтмонии 3D сабуктар ва барои истифода камхарҷтар мебошад. «Идораи патентии Авруосиё таҳияи Донишгоҳи «Иннополис»-ро патенти беҳтарин ноябр эътироф намуд», — гуфтанд дар хадамоти матбуотӣ.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: хадамоти матбуоти Донишгоҳи «Иннополис»








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






