Се паҳлавони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Grand Slam Tokyo 2022» иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 03.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Се паҳлавони Тоҷикистон дар шаҳри Токиои Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалии «Grand Slam Tokyo 2022» оид ба дзюдо, ки имрӯз оғоз шуда, то 4 декабр идома меёбад, иштирок менамоянд. Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) байни 346 дзюдочӣ аз 59 кишвари ҷаҳон доир мешаванд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар додааст.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ 3 паҳлавон — Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66кг, Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни то 73кг ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81кг дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки Эмомалии Нуралӣ миёни 33 варзишгари ширкаткунанда дар вазни то 66кг барои ба даст овардани медалҳои фахрии мусобиқа мубориза мебарад. Эмомалӣ миёни 33 варзишгари иштироккунанда дар ҷойи 7-ум ҷойгир шудааст. Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни -73кг миёни 34 ширкаткунанда мақоми 21-умро ишғол намудааст. Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81кг дар байни 43 иштирокчӣ дар ҷои 19-ум қарор дорад.
Фонди ҷоизаи мусобиқа 154 миллион евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҷои аввали ҳамаи вазнҳо 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва барандагони медалҳои биринҷӣ 1500 евро ба даст меоранд.
Ҳамчунин варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур зинаҳои фахриро касб мекунанд, соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мегарданд. Қобили зикр аст, ки дзюдочиёне, ки медали тилло ба даст меоранд, 1000 имтиёз, медали нуқра- 700 имтиёз ва медали биринҷӣ- 500 имтиёз, инчунин онҳое, ки ҷойҳои 5-ум ва 7-умро касб мекунанд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260-имтиёзӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ин мусобиқа аз соли 1978 инҷониб баргузор мешавад. Мусобиқа бори охир соли 2017 баргузор шуда, бинобар сабаби пандемияи коронавирус қатъ гардида буд.
АКС: Федератсияи байналмилалии дзюдо
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






