ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавои сард ва барфу борон дар қаламрави Тоҷикистон то 9 декабр дар назар аст

Декабрь 5, 2022 15:54

ДУШАНБЕ, 05.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 9 декабр дар қаламрави мамлакат ҳавои сарду боронӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин рӯзҳо дар водиҳо борон ба барфи тар табдил шуда, дар навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ барфи шадид меборад. Ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳӣ рӯзона то 5 дараҷа гарм мешавад. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои барқӣ барои гарм кардани хонаҳо қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намуда, неруи барқро сарфаҷӯёна истифода баранд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамзамон барои таъмини бехатарӣ дар роҳҳо ба ронандагон тавсия медиҳад, ки мошинро пеш аз сафар аз санҷиш гузаронанд, чархҳои тобистонаро бо зимистона иваз кунанд, системаи гармкунии мошинро бодиққат санҷанд. Инчунин пеш аз сафар бо худ қисмҳои эҳтиётии зарурӣ бигиранд, бахусус барои эҳтиёт лампаҳои равшанидиҳанда бояд дошта бошанд; дар бордони мошин бояд ҳатман сару либоси гарм, фонус, бели хурди сафарӣ, банд барои кашидани мошин, сӯзишвории эҳтиётӣ, гӯгирд дошта бошанд ва ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳӣ фосиларо риоя намоянд.

Дар хотир бояд дошт, ки дар фасли сармо ва бахусус ҳангоми барфу борону сардиҳо роҳҳо маъмулан душворгузар мешаванд ва дар ин гуна ҳолатҳо фосилаи байни мошинҳо аз фосилаҳои маъмулӣ бояд дарозтар бошад.

Ғайр аз ин Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки сари вақт бомҳои худро аз барф тоза намуда, мошинҳои худро зери дарахтон нагузоранд.

Бо мақсади сироят нашудан аз ҳар гуна бемориҳои мавсимӣ Кумита тавсия медиҳад, ки дар ҷойҳои серодам пӯшидани ниқобро фаромӯш насозанд.

Ҳамзамон Кумита аз шаҳрвандон даъват ба амал меорад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро дар роҳҳои кӯҳӣ бидуни зарурати таъҷилӣ маҳдуд намуда, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд.

Барои пешгирӣ аз эҳтимоли омадани сел ҷӯйборҳоро тоза намоянд, ҳангоми истифода аз бухориҳое, ки бо ангишт гарм мешаванд, қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 5, 2022 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид
Ширкати «IRS»: «Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ таъмин аст»
ШАРБАТИ САЛОМАТӢ. Олимони тоҷик истеъмоли онро барои пешгирии бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва диабет тавсия медиҳанд
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб
«ТОБИСТОН-2026». Дар Суғд барои шавқовар баргузор намудани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон тадбир меандешанд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ уҳдадорӣ ва ҳуқуқ доранд?
Дар Душанбе ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» қадрдонӣ гардиданд
Дар даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» 370 хонандаю донишҷӯ иштирок менамоянд
«Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030». Барои пешгирӣ аз ин беморӣ чӣ бояд кард?
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. Кормандони соҳаи хизмати давлатӣ дар Беларус такмили таҷриба менамоянд
Форуми байналмилалии малакаҳо: Тоҷикистон — 2026 дар ноҳияи Данғара оғоз шуд