Бонки миллии Тоҷикистон ба ҶДММ «Тад Дюти Фри» барои се сол иҷозатнома дод

Январь 27, 2023 08:28

ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон  ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тад Дюти Фри» иҷозатнома дод. Тибқи он ҶДММ «Тад Дюти Фри» зимни фаъолияташ ба муддати се сол бо асъори хориҷӣ амалиёт анҷом медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, ин тасмим бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ва дастурамал «Дар бораи соҳаи истифода, тартиби муомилоти асъори хориҷӣ, тартиб ва қоидаҳои додан ва бозхонд намудани иҷозатнома барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гирифта шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 27, 2023 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Муқовимат ба коррупсия омили муҳими рушди устувори Тоҷикистон аст
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ЧИСТ? Ва ё мошинҳои ҳисоббарор метавонанд ба монанди инсон фикр карда, қарор қабул намоянд?
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.3200 то 9.4144 сомонӣ муқаррар шудааст
Муҳлати лоиҳаи содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ то соли 2029 тамдид карда шуд
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе Форуми 10-уми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет – CAIGF 2026 баргузор шуд
Дар Душанбе нахустин конфронси байналмилалӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ баргузор шуд
Табодули мол байни Тоҷикистон ва давлатҳои иштирокчии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба 2,1 миллиард доллар расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тақвият меёбад
Дар Бишкек ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва таҳлилгарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ баргузор гардид