Дар Брюссел маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва аксу нигораҳои Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 19.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва аксу нигораҳои Тоҷикистон 17 январ дар доираи барномаи фарҳангие дар бинои Хадамоти аврупоии амалиёти берунӣ дар Брюссел ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо зери унвони «Пайваст аз тариқи Роҳи Абрешим» муаррифӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти берунӣ Стефано Саннино ва Намояндаи вижаи ИА дар Осиёи Марказӣ хонум Терҳи Ҳакала ба ҷамъомад ҳусни ифтитоҳ бахшида, бобати ҳолат ва дурнамои рушду густариши ҳамкории мутақобилан судманд андешаронӣ карданд.
Дар доираи намоиш барномаи фарҳангӣ бо навору сурудҳои миллӣ, намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва аксу нигораҳо ба маъраз гузошта шуданд.
Инчунин ба ифтихори 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни ИА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Дафтари Хадамоти аврупоии амалиёти берунӣ намоиши мусавввараҳои рассомони минтақа ва аксҳо то 2 феврали 2023 баргузор мегардад.
Акс: ВКХ ҶТ












РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд






