Дар Хуҷанд иди Сада ва ярмарка-фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироат баргузор карда мешавад
ДУШАНБЕ, 26. 01. 2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ дар майдони назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд иди Сада, намоиш-фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироати кишоварзӣ баргузор карда мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдом бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти вилояти Суғд доир карда шуда, мақсад аз он муташаккилона гузаронидани маъракаи сабзазоркуниву ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолии шаҳру навоҳии вилоят мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 29 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷашни Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ баргузор карда мешавад.
Дар рӯзи таҷлили ин ҷашн кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин олоти кишоварзӣ, тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари иди Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин мегардонанд.
Сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд дар ин рӯз навъҳои гуногуни дарахтон ва гулу буттаҳои ороиширо харидорӣ намоянд.
АКС: МИҲД шаҳри Хуҷанд








Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад






