Дар вилояти Хатлон корҳои ҷустуҷӯӣ–геологӣ тақвият меёбанд
ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Филиали ширкати «Корпоратсияи миллии нафту гази Чин» (CNPC) тасмим гирифтааст, ки дар майдонҳои нафту гази вилояти Хатлон корҳои ҷустуҷӯӣ–геологиро анҷом диҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Ин масъала 26 январ зимни вохӯрии роҳбарияти вилояти Хатлон бо намояндаи филиали ширкати CNPC Central Asia B.V дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Дар мулоқоти мазкур оид ба масъалаҳои амалишавии Созишнома оид ба тақсимоти маҳсулот вобаста ба корҳои ҷустуҷӯӣ–геологӣ дар майдонҳои нафту газ дар вилояти Хатлон мубодилаи афкор сурат гирифт .
Намояндаи филиали ширкати CNPC Central Asia B.V дар Тоҷикистон иброз дошт, ки дар ҳолати хуб ба анҷом расидани корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ ба рушди соҳаи нафту гази Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшида мешавад.
Дар вохўрӣ ҳамчунин доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ, заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият, густариши ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодӣ ва ҷалби ширкатҳои чинӣ баҳри расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноаткунонии босуръати мамлакат изҳори назар карда шуд.
АКС: шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






