Дар шаҳри Ал-Кувайт Форуми саноатӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Кувайт баргузор гардид

Ноябрь 4, 2024 17:10

ДУШАНБЕ, 04.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми саноатӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Кувайт баргузор гардид.

Кори ҳамоишро вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ ва Раиси Палатаи савдо ва саноати Давлати Кувайт Эмад Оли Зайд ифтитоҳ намуданд.

Дар форуми мазкур вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ,  вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муъминзод имкониятҳои сармоягузорию иқтисодии Тоҷикистон, иқтидорҳои бахши саноат ва сайёҳии мамлакатро муаррифӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ муносибатҳои ду мамлакт пайваста рушд карда, ба сатҳи хеле баланд баромадааст.

Гуфта шуд, ки сарфи назар аз шиддати вазъи ҷаҳони имрӯза ва таъсири бевоситаи омилҳои манфии берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар бист соли охир суръати рушди он ба ҳисоби миёна 7,6 фоизро ташкил додааст. Аз ин рӯ созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро аз рӯи суръати миёнасолонаи рушди иқтисодӣ ҳамчун кишвари дорои иқтисоди зудрушдёбанда арзёбӣ менамоянд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо зикр кард, ки 75 фоизи аҳолии кишвар қувваи кории ҷавон ва маълумотнок, инчунин 98 фоизи энергияи истеҳсолшуда аз манбаъҳои сабз бармеояд.

Иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон дорои фазои мусоиди сармоягузорӣ буда, дар кишвар инфрасохтор ва иқтидорҳои зиёд барои сармоягузорӣ дар соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла энергетика, кишоварзӣ, саноати сабук, дорусозӣ, сайёҳӣ, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ мавҷуд аст.

Ҳамчунин ба як қатор имтиёзҳо ва сабукиҳои андозиву гумрукии барои сармоягузорони хориҷӣ пешниҳодшаванда, бахусус дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ишора гардида, таъкид шуд, ки дастгирии ҳамаҷонибаи сармоягузорон аз тарафи давлат яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати иқтисодии Тоҷикистон мебошад.

Вобаста ба ин ба иштирокдорон лоиҳаҳои мушаххас дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ пешниҳод гардид ва сармоягузорони кувайтӣ ба баъзеи онҳо изҳори таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд.

Гуфта шуд, ки ин иқдом ба таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар Форуми мазкур ҳамчунин аъзои дигари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҳасанзода Гулнора,  иштирок намуданд.

Баъди анҷоми кори Форуми саноатию сармоягузории Тоҷикистону Кувайт иштирокдорони ҳамоиш аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва зарфияту имконоти сайёҳии Тоҷикистон дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ анвои зиёди маҳсулоти саноатӣ ва зарфияту имкониятҳои сайёҳӣ дар маъраз буд.

Иштирокдорон ба табиати зебои Тоҷикистон, расму оин ва таърихи пурғановати мардуми соҳибтамаддуну куҳанбунёди тоҷик мароқ зоҳир намуданд.

Меваҳои шаҳдбори тару тоза, хушкмеваҳо ва асали табиӣ, ки дар Тоҷикистон истеҳсол гардида, аз лиҳози экологӣ тоза ва ба саломатии инсон фоидабахш аст, писанди меҳмонон омад.

Дар намоишгоҳ ҳунармандону косибон ҳам фаъолона ширкат варзида, дар гушаҳои алоҳида беҳтарин маҳсулоту маснуоти худро, ки ба миллати тоҷик аз қадим мерос мондаанд, муаррифӣ намуданд.

Дар ин замина, номгӯи зиёди маҳсулоти саноатии Тоҷикистон ба намояндагони давлатӣ ва соҳибкорону сармоягузорони кувайтӣ муаррифӣ гардид. Аз ҷумла, канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон, хоса антратсит, тилло, оби тилло, оби нуқра, литий, платиниум, мис, сурма, алюминий, мармар ва маҳсулоти аз онҳо тайёршаванда ба маъраз гузошта шуда буд.

Металҳои ранга ва сангҳои қимматбаҳо таваҷҷуҳи намояндагони сохторҳои гуногуни Давлати Кувайтро ба худ ҷалб кард.

Обҳои ташнашикан, маҳсулоти консервагӣ ва дигар номгӯи маҳсулоти саноати хӯрокворӣ зиннатбахши гӯшаи дигари намоишгоҳ буд.

Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдом ва ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 ва барномаи давлатӣ дар самти ҳунарҳои мардумӣ амал мекунад, ки ин ду санад дар рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи устувор мегузорад.

Табиати зебои Тоҷикистон, дарёву кӯлҳо ва чашмаҳои шифобахш, боғу гулгашт ва дигар имконияту зарфиятҳои сайёҳӣ ҳамчунин тавассути монитор, китобу буклет ва дигар воситаҳои тарғиботӣ бо чанд забон муаррифӣ гардид.

Ташкил намудани чунин намоишгоҳ бо фарогирии имконоти соҳибкорию сармоягузорӣ ва фурсатҳои сайёҳӣ дар рушди ҳамкории дуҷониба байни ду давлат заминаи мусоид мегузорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 4, 2024 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«WORLDEF-DUBAI 2024». Дар Павилиони миллии Тоҷикистон беш аз 300 намуд маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ба намоиш гузошта шудааст
Сарвазири Тоҷикистон бо роҳбари ҶДММ «Ширкати байналмилалии Течен оид ба захираҳои табиии ноҳияи мухтори Синзиян-Уйғур»-и Чин мулоқот анҷом дод
Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар конфронси «Закот, Андоз ва Гумрук 2024» иштирок намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо заминҳои кишт ва ниҳолхонаю гармхонаҳои Ҳисор шинос гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи энергетика ва захираҳои об баррасӣ шуд
Дар Душанбе якумин «Ҷоизасупории миллӣ дар самти тиҷорати рақамӣ (e-commerce)» баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд
Байни Тоҷикистон ва Миср Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар масъалаҳои гумрукӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Миср доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКҲО. Бонки миллии Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ нақши назаррас дорад
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «WORLDDEF-Dubai 2024» Павилиони миллии Тоҷикистон ташкил шудааст
Дар Душанбе Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Миср оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид