ДАСТУРИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Дар мамлакат Стандарти байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда мешавад

Январь 20, 2023 14:28

ДУШАНБЕ, 20.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон Стандарти байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда мешавад. Он бо мақсади ба талаботи замони муосир ва меъёрҳои сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонидан сифати таҳсил дар муассисаҳои олии кишвар ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта шуд, ки барои таҳияи лоиҳаи стандарти мазкур санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар низ ба назар гирифта шуда, дар он таҷрибаи муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон омӯхта мешаванд.

Зимни баррасии лоиҳаи мазкур сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Наврӯз Мирзозода ва кормандони Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ширкат варзиданд.

Иштирокдорон ҳамзамон аз таҷрибаи муассисаҳои таълимии байналмилалии кишварҳои пешрафта, ба монанди Австрия, Канада, Полша, Федератсияи Россия истифода карда, андешаҳои худро ҷиҳати таҳия ва такмили лоиҳаи Стандарти байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ иброз доштанд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи биноҳои нави таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 27 сентябри соли 2022 ба роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат дастур доданд, ки дар самти ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таълим ва сатҳи дониши донишҷӯён тадбирҳои доимӣ ва муассир андешанд.

Ҳамзамон Пешвои миллат таъкид намуданд, ки барои расидан ба ҳадафи байналмилалӣ ҷавонон, пеш аз ҳама, ба омӯзиши забонҳо машғул гарданд. «Зарурат ва аҳамияти донистани якчанд забон имрӯз қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон ва кормандони сохтору мақомоти давлатиро вазифадор месозад, ки бо дарназардошти талаботи замони муосир барои рушди шахсият ва дастрасии ҳар фард ба иттилооти ҷаҳонӣ ҳатман ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул шаванд» -иброз доштанд Сарвари давлат.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм

Январь 20, 2023 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд