Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо таҷҳизоти озмоишӣ муҷаҳҳаз гардид
ДУШАНБЕ, 20.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 январ дар озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо иштироки Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода маросими расмии супоридани таҷҳизоти озмоишӣ сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Академия хабар доданд.
Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахши омӯзиши изотопии пиряхҳо ва қабати барф, мушоҳида ва назорати ҳолати коҳишёбии онҳо ва инчунин муайян намудани таркиби изотопӣ ва гидрологии оби пиряху кӯлҳо ва ҳавзҳои пиряхӣ таъсис дода шудааст.
Дар маросими ба кор омода намудани таҷҳизоти лазерии “Пикаро” дар озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” миёни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаи мазкур Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, барои минбаъд вусъат бахшидани ҳамкории муфиду судманд ибрози андеша карда шуд.
Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Илҳом Мирсаидзода аз ташаббусҳои наҷибу бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ёдовар шуда, ҳамзамон аҳаммияти эълон гардидани соли 2025-ро ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муфассал шарҳ дод. Зикр шуд, ки ташаббуси мазкур ба ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масоили обу иқлим ва обшавии пиряхҳо мусоидат менамояд.
Директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” профессор Абдулҳамид Қаюмов иброз намуд, ки озмоишгоҳи мазкур баҳри амалӣ намудани ташаббуси 5-уми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ташкил гардида, ба рушду тақвияти илми пиряхшиносӣ дар ҷумҳурӣ такони нав мебахшад. Мавсуф гуфт, ки бо дастгирии шуъбаи ҳамкории техникии АБНА таҷҳизоти лазерии “Пикаро” дар озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи марказ фаъол гардида, имконият медиҳад, ки минбаъд омӯзиши изотопии пиряхҳо ва қабати барф бо тарзҳои инноватсионӣ ба роҳ монда шавад.
Чунин усули ба роҳ мондани омӯзиши пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ниҳоят кам буда, ба роҳ мондани он дар марказ навоварӣ ва ҳамзамон сабаби пешрафти илми глятсиология ва инчунин тарзҳои нави ба роҳ мондани таҳқиқоти пиряхҳо ба шумор меравад.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи мазкур кормандони шуъбаи озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи марказ ба муддати як моҳ дар Донишгоҳи Инсбруки Ҷумҳурии Австрия ҷиҳати аз худ кардани тарзҳои таҳқиқоти изотопии пиряхҳо таҷриба омӯхтанд.
Саидҷаъфар АШӮРЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Зиракии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ-омили муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир
«КИТОБ — БЕҲТАРИН АРМУҒОН». Ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон беш аз 200 китоб тақдим гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илму маориф ҳамоиш баргузор шуд
Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ду шурои нави диссертатсионӣ таъсис ёфт
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар Душанбе дар нуҳ сол беш аз 54 мактаб ва 42 муассисаи томактабӣ сохта шудааст
Оид ба тамоюлҳои рушди психологияи муосир ва татбиқи он дар низоми таҳсилоти рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид






