МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Картошкаи сармозада ба узвҳои ҳозимаи инсон таъсири манфӣ мерасонад

Январь 25, 2023 08:23

ДУШАНБЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сардиҳои ҳафтаи гузашта ба маҳсулоти истеъмолӣ, аз ҷумла картошка таъсири манфӣ расониданд. Бештари сокинон иддао доранд, ки сармозадагии картошкаҳое, ки аз бозор мехаранд, баъди дар ҳарорати хона нигоҳ доштан ва ё истифода бурдан ба мушоҳида мерасад. Вобаста ба сармозадагӣ ва қобили истеъмол будан ё набудани картошка хабарнигори АМИТ «Ховар» бо мутахассисони соҳаи ғизо ва олимони кишоварзӣ ҳамсуҳбат гардид.

«Истеъмоли картошкае, ки аз сардии зимистон осеб дида, дохилаш сиёҳу мулоим шудааст ва дар вақти истифода дар хӯрок об мешавад, тавсия дода намешавад. Зеро он ба узвҳои ҳозимаи инсон таъсири манфӣ мерасонад. Истеъмоли баъзе маҳсулоте, ки аз сармо осеб мебинанд, дар анбор нигоҳдорӣ шуда, сипас ба фурӯш пешниҳод мегарданд, низ қатъиян манъ аст. Зеро он баъди нигоҳдории тӯлонӣ аз худ элементҳои ба саломатии инсон хавфнок ҳосил мекунад», — чунин иброз намуд Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Орзу Раҳмоналӣ.

Мавсуф тазаккур дод, ки инсоният аз ибтидои мавҷудияти худ, пеш аз ҳама, ба ғизо ниёз дорад ва ҳама вақт барои истеъмоли ғизои солим талош менамояд.

«Солимии ҷомеа барои ҳар мамлакат маҳаки асосии пешрафт аст. Ғизои солим ғизоест, ки афзоиши муътадил ва фаъолияти ҳаётии инсонро таъмин карда, ба тақвияти тандурустӣ ва пешгирии бемориҳо мусоидат менамояд. Муҳаққиқоне, ки ба омӯзиши ғизо ва муолиҷаи беморон машғуланд, андеша доранд, ки ғизои солим метавонад таъсир ва натиҷаи ҳайратангез диҳад. Албатта, ғизои солим давои ҳамаи дардҳост»,- таъкид кард  номбурда.

Тавре доктори илмҳои кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Қурбоналӣ Партоев иброз намуд, маҳсулоти полезӣ ва мевагӣ дар ҳарорати аз 1 то 3 дараҷа хунукӣ осеб мебинанд. Мутахассисони соҳаи тиб истеъмоли онҳоро тавсия намедиҳанд. Картошка низ аз ҳамин ҷумла аст, зеро дар таркиби он миқдори крахмал бештар буда, дар ҳолати сармозанӣ ба қанд мубаддал мегардад.

Ба гуфти ў, картошка ва сабзӣ маҳсулоте мебошанд, ки қобилияти бо сардӣ мубориза бурдан надоранд. Дар ҳолати сармозанӣ  тамоми ғизонокии он нест шуда, ба саломатии инсон зараровар мегардад. Аммо пиёз бо доштани элементҳо дар таркиби худ ба сардиҳо тобовар мебошад. Инчунин дар ҳолати сармозанӣ оби таркиби он ях шуда, баъд аз нигоҳ доштан дар ҳарорати муътадил дубора ба шакли аввала бармегардад.

Сокинон мегӯянд, ки дар вақти харидорӣ сармохӯрдагии баъзе маҳсулот мушоҳида намешавад, аммо пас аз истифода ё дар ҳарорати хона нигоҳ доштан он пурра тағйир меёбад. Вобаста ба ин  доктори илмҳои кишоварзӣ тавсия медиҳад, ки «дар вақти харидорӣ намудани маҳсулоти полезӣ ва мевагӣ ҳатман онро бо дастатон сахт фишор диҳед. Агар маҳсулот сахт ва мисли ях бошад, он гоҳ он сармозада аст».

Мутахассисони соҳаи тиб иброз медоранд, ки агар мевагиҳо сармозада бошанд, онҳоро коркард ва истеъмол намудан мумкин аст.

Бояд тазаккур дод, ки дар бештари мамлакатҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон картошка ва дигар намуди маҳсулотро коркард карда,  ба муддати тулонӣ дар яхдонҳо нигоҳ медоранд. Ин навъи маҳсулот қобилияти нигоҳдории дуру дароз дорад. Аз ин рӯ истеъмоли он низ ба саломатии инсон зарар намерасонад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 25, 2023 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШГИРИИ ОҚИБАТҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон майдони дарахтони саксавул ва павловния васеъ мегардад
Дар Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони интернет 5,2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба соҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон 57,1 миллиард сомонӣ равона карда шуд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз марҳилаи муайяни тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка» истифода набаред!»
Тсзоу Ҷиайи: «Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ барномаҳои миллӣ ва минтақавии рушди Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд»
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисод баррасӣ гардид
Татбиқи лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ» баррасӣ гардид
Ҷаласаи якуми Шурои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Дар ҷаласаи Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ чор лоиҳаи нав ба маблағи 82,5 миллион сомонӣ баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон хизматрасонии интернети моҳворавии Starlink расман оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби бақияи қарзи андозҳо беш аз 2 миллиард сомонӣ ворид карда шуд