ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 8 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 29.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 8 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 26-31 дараҷа хунук ва рӯзона 11-16 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо асосан бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук, рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






