Робитаҳои илмӣ миёни марказҳои тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон тавсеа меёбанд

Январь 20, 2023 09:30

ДУШАНБЕ, 20.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. 19 январ дар шаҳри Остона зимни мулоқоти Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ва директори Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Еркин Тукумов масъалаи тавсеаи робитаҳои илмии тадқиқоти стратегии ҳарду давлат баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегии  ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дорад.

Дар доираи сафар мавсуф бо директори Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Еркин Тукумов  ҳамкорӣ ва тавсеаи робитаҳои илмии ин кишварро бо Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон арзишманд арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳамкорӣ дар ин самт минбаъд низ густариш меёбад.

Хайриддин Усмонзода вобаста ба мавқеъгирии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд.

Ҷонибҳо доир ба самтҳои сиёсати хориҷӣ ва амният, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохтор, фарҳанг ва гуманитарӣ, ҳифзи муҳити зист, инчунин роҳҳои асосии тараққиёти инсоният дар давраи миёнамуҳлат суҳбат намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ

Январь 20, 2023 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон оғоз намуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид