ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА. Хонандагон ба маҳфилҳои адабӣ ва машғулияти варзишӣ ҷалб карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 03.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат таътили даҳрӯзаи зимистона ҷараён дорад. Тибқи нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонандагони тамоми муассисаҳо ба маҳфилҳои адабӣ ва фарҳангӣ, инчунин мутолиаи китобҳои бадеӣ машғул мешаванд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Аз ҷумла, дар МТМУ рақами 41- и ноҳияи Восеъ низ маҳфилҳои гуногуни маърифатӣ ташкил гардидаанд, ки дар онҳо хонандагон ба китобхонӣ ҷалб карда мешаванд.
Директори мактаб Иноят Давлатов гуфт, ки дар ин давра барои хонандагони хурдсол маҳфилҳои «Қоидаҳои муносибат бо китоб», «Ҷалби кӯдакон ба китобу китобхона», «Сохти китоб», «Рӯзнома ва маҷаллаҳо барои кӯдакон», «Ифоданок ва таъсирбахш қироат намудани ашъор», барои хонандагони синфҳои 4-5 «Навиштани иншо аз рӯи асари мутолиашуда» ва бозиҳои варзишӣ гузаронида мешаванд.
Хонандаи синфи 4-и муассисаи мазкур Алишери Ҷумъахонзода новобаста ба синни хурдсолӣ ба ин маҳфилҳо ҷалб гардида, хушҳол аз он аст, ки тавассути ин гуна дарсҳои омӯзишӣ донишу ҷаҳонбинии худро васеъ менамояд.
«Завқи китобхониро дар дили ман омӯзгорон ва падару модарам бедор намудаанд. Дар вақти мутолиа агар ҷоеро нафаҳмам, волидайнам ба ман кумак мекунанд. Аз ҳамсолонам даъват менамоям, ки биёед, китоб хонем, то дар оянда роҳи дурусти зиндагиамонро интихоб карда тавонем»,-мегӯяд ӯ.
Тавре қаблан иттилоъ додем, Вазорати маориф ва илми кишвар аз ҳамаи падару модарон даъват ба амал овардааст, ки дар таътили зимистона назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд, ки фарзандонашон бештари вақти худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд. Ҳамчунин волидайн бояд монеи оворагардӣ ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯчаю марказҳои интернетӣ гарданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






