ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба интихобкунандагони мамлакат дастуру супоришҳои ироагардида шарҳ дода шуданд

Январь 3, 2023 16:05

ДУШАНБЕ, 03.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сарвари давлат  дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат банақшагирии самти иқтисоди миллиро мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дода, таъкид намуданд, ки «дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд». Ин нуктаро имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, вакилон Сарвиноз Маҷидзода ва Зафар Ализода ба фаъолони шаҳри Бохтари вилояти Хатлон роҷеъ ба иҷрои дастуру супоришҳои Паёми навбатӣ иброз доштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Вакилони Маҷлиси намояндагон зикр намуданд, ки бо дарназардошти ин Сарвари давлат таъкид намуданд, ки механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз» бояд васеъ ҷорӣ карда шавад.

Мавриди таваҷҷуҳи бевосита қарор додани самти мазкур бо дарназардошти захираву имконияти кишвар дар Паёми Пешвои миллат, пеш аз ҳама, барои ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръат мусоидати амиқ намуда, дурнамои рушд ва таҳкими низоми иқтисоди ҷумҳуриро таъмин месозад.

Ҳамчунин дар самти таҳкими соҳаи мазкур зикр карда шуд, ки дар ин раванд ба таъсиси маҷмааҳои саноатӣ, паркҳои технологӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионӣ, истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ва ҷалби боз ҳам бештари сармояи мустақим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад. Аз ҷумла, дар се соли минбаъда бо мақсади таъсис додани 30 парки технологӣ ва минтақаи саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат барои бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Инчунин муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода бо судяҳои суди вилояти Хатлон мулоқот намуд.

Ҳамзамон баҳри тавзеҳи бандҳои Паёми Пешвои миллат мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагон  Қодир Қосим бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон  сурат гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар медиҳад.

Қодир Қосим бештар дар атрофи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан кард.


Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон аснои мулоқот таваҷҷуҳи сокинонро ба мавсими зимистонгузаронӣ, захира намудани маводи ғизоӣ, истифодаи босамари ҳар қитъа замин, пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳими рӯз ҷалб кард.

Зимни мулоқот Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода зикр намуд, ки бо ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон корҳои азими созандагӣ роҳандозӣ гардида, мардуми ноҳия дастовардҳои даврони истиқлолиятро дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва ободу пешрафта гардонидани кишвари азизамон қадр менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки  мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30  декабри соли 2022 то 8 январи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон идома меёбад.

АКС: МН МО ҶТ /МИҲД ноҳияи Шуғнон

Январь 3, 2023 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид