68 донишҷӯи Академияи идоракунии давлатӣ барои табодули академӣ ба хориҷи Тоҷикистон фиристода шудаанд
ДУШАНБЕ, 14.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 68 нафар донишҷӯёнро дар доираи барномаи табодули академӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат фиристод. Дар ин хусус 13 феврал зимни нишасти матбуотӣ Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф тазаккур дод, ки дар давраи ҳисоботӣ Академия бо якчанд муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, аз ҷумла идораи сохтории Созмони Милали Муттаҳид–Занон (UN Women) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (РЭЦЦА), Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ ва Донишгоҳи вилояти Қустанай ба номи А. Байтурсиноваи Ҷумҳурии Қазоқистон ёдошти тафоҳум ва созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Ҳамзамон баён гардид, ки дар Академия 2 нафар шаҳрвандони хориҷӣ- як нафар аз Афғонистон дар зинаи магистратура ва як нафари дигар аз Ҷумҳурии Узбекистон дар зинаи бакалавр таҳсил менамоянд.
Ректор иброз дошт, ки раванди таълим дар гурӯҳҳои таълимӣ бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки мувофиқи маълумоти оморӣ, шумораи умумии донишҷӯён ва магистрантони Академия ба ҳолати моҳи декабри соли 2022 4808 нафарро ташкил медиҳад. Аз онҳо 1027 нафарашон тариқи буҷавӣ ва 3781 нафарашон тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд






