Дар Душанбе Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни калонсолон идома дорад

Февраль 27, 2023 14:00

ДУШАНБЕ, 27.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи обӣ»-и шаҳри Душанбе Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни калонсолон (мардон ва бонувон) идома  дорад. Мусобиқаи мазкур 25 феврал оғоз гардида, он то 28 феврал идома меёбад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мусобиқа бо мақсади интихоб намудани беҳтарин дастаи яккачин, беҳтарин варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ташкил карда шудааст.

Мусобиқа бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи бокси Тоҷикистон доир карда шуда, дар он тамоми варзишгарони тоҷик, аз ҷумла мардону бонувон иштирок менамоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 27, 2023 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид