Дар корхонаи нассоҷии «Ваҳдат-текстайл-Вахш» 400 нафар сокинон бо ҷои кор таъмин мешаванд
ДУШАНБЕ, 15.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти «20 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахш аз ҷониби соҳибкор Бароталӣ Юсупов корхонаи нассоҷии ҶДММ «Ваҳдат — текстайл — Вахш», ки аз ҷумла ҷўроб истеҳсол менамояд, бунёд мегардад. Корҳои насбкунии таҷҳизот дар корхонаи мазкур дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, дар сурати ба пуррагӣ фаъол гардидани он 400 нафар сокинони маҳал бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Корхонаи мазкур бо мақсади иҷрои ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон — саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд гардида, бо арзиши умумии 12 миллион доллар сохта шудааст.
Ин маҷмаа аз 0,58 гектар иборат буда, замини зери сохтмон 2000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар корхона тамоми роҳравҳо бо сафолак ва бетон пӯшонида шуда, атрофи он дар масоҳати 500 метри мураббаъ сабзкорӣ гардидааст.
Дар корхона таҷҳизоти навтарини технологӣ насб гардида, роҳбарияти он масъалаи зиёд намудани номгӯй ва миқдори маҳсулоти воридотивазкунандаро дар мадди аввал гузоштаанд.
Ёдовар мешавем, ки иҷрокунандаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Вахш дар корхонаи «Ваҳдат — текстайл — Вахш» соҳибкорро барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ вазифадор намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Сохтмони хати барқии баландшиддати ҳавоӣ аз зеристгоҳи «Равшан» то зеристгоҳи «Шаҳринав-2» идома дорад
Корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи беш аз 356 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
Татбиқи барномаҳои электронии идоракунӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти соҳаи об баррасӣ шуд
Байни Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва ширкати «Jinda Anbang»-и Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Шуруъ аз 1 феврали соли 2026 дар Тоҷикистон тарифҳои нави барқу гармӣ ҷорӣ карда мешавад
КАРТОШКАПАРВАРӢ. Кишоварзони вилояти Хатлон дар 8 ҳазор гектар картошка кишт менамоянд
Соли 2025 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 50 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд
Ба «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ду мошини махсуси чорвокашонӣ дастрас шуд
Кабк «Парандаи сол-2026» интихоб гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии ҳосили сабзӣ аз кишти такрорӣ идома дорад
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи сифати аудити берунаи ташкилотҳои суғуртавӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муҳими стратегӣ дар соҳаи нақлиёт байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид






