ДАСТГИРИИ ДАВЛАТ. Дар Хуҷанд теъдоди сохтмони манзилҳои истиқоматӣ барои омўзгорон меафзояд

Февраль 13, 2023 16:39

ДУШАНБЕ, 13.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар паҳлўи бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки дар айни ҳол сохтмони он бомаром идома дорад, барои устодону кормандони донишгоҳ бунёди хонаи истиқоматӣ, кӯдакистон ва майдончаи варзишӣ низ дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Роҳбарияти Донишгоҳи мазкур иброз доштанд, ки дар асоси дастуру ҳидоят ва раҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мартабаи омўзгорон, аз ҷумла баҳри таъмини онҳо бо манзили зист тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

«Таъмини кормандон бо хонаи истиқоматӣ масъалаи норасоии кадрҳои омўзгориро барҳам зада, баҳри ҷалби беҳтарин мутахассисон ба Донишгоҳ мусоидат менамояд»,- мегўянд онҳо.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони бинои истиқоматии баландошёнаро барои омӯзгорону кормандон ба нақша гирифтааст.

Бо бунёди бинои нави истиқоматӣ 95 нафар омӯзгорону кормандони ба манзили зист эҳтиёҷманди Донишгоҳи мазкур соҳиби хонаҳои замонавӣ мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки ба сохтмони бинои мазкур 15 ноябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузоштанд.

Зимни муаррифии лоиҳа масъулини донишгоҳ ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи якуми бинои истиқоматии нуҳқабатаи сохташаванда Маркази савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгир карда шуда, дар саҳни бино дар масоҳати 860 метри мураббаъ истгоҳи нақлиёт, дар майдони 460 метри мураббаъ ҷойи истироҳату суҳбаткадаҳо ба истиқоматкунандагон ва майдончаи хурд барои машғул шудани кӯдакону наврасон ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ дар назар дошта шудааст. Бино дар масоҳати муайяни заминҳои холии дар тавозуни донишгоҳ қарордошта сохта мешавад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Раёсати маорифи вилояти Суғд

Февраль 13, 2023 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд