Намояндагони ширкати «GAZ Group»-и Русия аз корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 17.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал намояндагони ширкати «GAZ Group»-и вилояти Нижегороди Федератсияи Русия дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корхонаҳои «Тоҷфилиз» ва «Хуҷанд-ЗИЛ»-и шаҳри Бӯстон боздид намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ «Тоҷфилиз» ба ҳайати меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта, самти фаъолияти он истеҳсоли мех ва мехҳои печон бо истифода аз ашёи хоми воридотӣ аз Русия, Қазоқистон ва Чин мебошад.
Таъкид гардид, ки маҳсулоти тайёри корхона воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронида мебошад.
Дар корхонаи «Хуҷанд-ЗИЛ»-и КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» иттилоь дода шуд, ки масоҳати умумии корхонаи мазкур 19 гектар буда, дар он 15 коргоҳи истеҳсолии калонҳаҷм мавҷуд мебошанд, ки метавон онҳоро барои истеҳсоли мошинсозӣ истифода кард.
Намояндаи ширкати «GAZ Group»-и Русия зимни боздид маълумот дод, ки дар истеҳсолоти корхона мошинҳои мусофиркашонии тамғаҳои «ГАЗел», «ГАЗ», автобусу микроавтобусҳои мусофиркашонӣ, нақлиёти замонавии ёрии таъҷилӣ ва дигар намуди нақлиёт истеҳсол мешаванд.
Иттилоь дода шуд, ки корхонаи мазкур дар 4 вилояти Русия чунин корхонаҳоро ба истифода додааст, ки дар онҳо қариб 20 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар натиҷаи сафари кории гурӯҳи сохибкорони вилояти Суғд ба вилояти Нижегородск тасмим гирифта шуд, ки бо истифода аз имконоти корхонаҳои саноатии вилояти Суғд корхонаи мошинбарорӣ ба роҳ монда шавад.
Зимни шиносоӣ бо имконоти корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон тазаккур дода шуд, ки корхонаҳои ҶДММ “Тоҷфилиз” ва корхонаи «Хуҷанд-ЗИЛ» имкон доранд барои мошинҳои аз ҷониби ширкати Русия истеҳсолшаванда корпусҳои асосӣ ва қисмҳои зарурии нақлиётро вобаста бо фармоиш пешниҳод намоянд. Тасмим гирифта шуд, ки ҷиҳати рушди соҳа ҳамкории корхонаҳо ба роҳ монда шавад.
Шаҳри Бӯстон шаҳри саноатӣ буда, дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр якҷо бо соҳибкорони ватанӣ азм дорад шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолиро дар шаҳр зиёд намояд.
Дар айни замон дар шаҳри Бӯстон 45 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият дошта, 12 адади он соли 2022 ба қайд гирифта шуд. Саноатчиёни шаҳри Бӯстон соли 2022 ҳаҷми истеҳсолро ба 673 млн сомонӣ расониданд, ки нисбат ба соли 2021 117, 4 фоизро ташкил дод.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








СОҲАИ ПАХТАКОРӢ МУНОСИБАТИ ҶИДДӢ ТАЛАБ МЕКУНАД. Он ба амнияти озуқаворӣ, рушди саноати сабук ва афзоиши содирот вобаста аст
Соли 2025 дар Тоҷикистон 236 километр роҳҳои мошингард ва иншооти роҳу нақлиёт бунёд гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 96 тонна асал истеҳсол карда шуд
Дар 7 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намудааст
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
Кишоварзони Тоҷикистон соли 2026 дар беш аз 274 ҳазор гектар зироати ғалладонагӣ кишт менамоянд
Дар ҶСК «Барқи Тоҷик» самти энергетикии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баррасӣ гардид
Сарфаи неруи барқ на танҳо ба коҳиши хароҷоти оилавӣ, балки ба самаранокии неруи барқ низ мусоидат менамояд
Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба истифодаи долони нақлиётӣ, ки Чинро бо Аврупо мепайвандад, ба мувофиқа расиданд
Сохтмони хати барқии баландшиддати ҳавоӣ аз зеристгоҳи «Равшан» то зеристгоҳи «Шаҳринав-2» идома дорад
Корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи беш аз 356 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
Татбиқи барномаҳои электронии идоракунӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти соҳаи об баррасӣ шуд






