Соли 2022 нақшаи даромади буҷети ҷумҳуриявӣ дар сатҳи 108 фоиз таъмин карда шуд

Февраль 17, 2023 13:58

ДУШАНБЕ, 17.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 нақшаи даромади буҷети ҷумҳуриявӣ дар сатҳи 108 фоиз ва нақшаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ дар сатҳи 103,7 фоиз таъмин карда шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ба хабарнигорон маълумот дод.

Хароҷоти буҷети давлатӣ соли 2022 дар доираи нақшаи пешбинигардида ва даромадҳои воқеии буҷет амалӣ карда шуда, ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат зиёда аз 34 млрд 800 млн сомонӣ равона гардид.

Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки бо мақсади ҷалби маблағҳои иловагӣ барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ тақвият дода шуда, барои амалӣ намудани лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 19 созишномаи қарзию грантӣ ба маблағи умумии 664 млн 900 ҳазор доллари америкоӣ ба имзо расонида шуд.

Аз ҳаҷми умумии лоиҳаҳои баимзорасонида 612,3 млн доллари америкоии он маблағҳои грантӣ, 25,7 млн доллари америкоӣ маблағҳои қарзӣ ва 26,9 млн доллари америкоии боқимонда саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 17, 2023 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд