Тақвияти ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Русия дар Москва мавриди баррасӣ қарор гирифт

Февраль 28, 2023 14:30

ДУШАНБЕ, 28.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои сайёҳӣ, хизмат ва соҳибкорӣ зимни мулоқоти намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Русия дар Москва баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки роҳбарияти Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Русия аз ташаббуси ҷонибҳо дар самти таҳкими ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Гуфта шуд, ки минъбаъд дар доираи факултети муштараки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои таъсиси ихтисосҳои нав, роҳандозии барномаҳои таҳсилии муштарак, инчунин ташкили машғулияти онлайнию ҳузурии байни тарафҳо, табодули академии донишҷӯён ва магистрантон ва такмили ихтисоси омӯзгорон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Февраль 28, 2023 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз ҷониби Донишгоҳи техникӣ 74 номгӯй дастуру воситаҳои таълимӣ ва 7 китоби дарсӣ ба нашр расонида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо 16 муассисаи олии касбӣ, созмон ва ширкатҳои байналмилалӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз рӯйи 54 ихтисос донишҷӯ қабул менамояд
Соли 2026 ба соҳаи маорифи вилояти Хатлон 19,8 миллион сомонӣ ҷудо мегардад
Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия факултети журналистика ва медиакоммуникатсия ба фаъолият шуруъ менамояд
ДИПЛОМАТИЯИ СУЛҲОФАРИНИИ ТОҶИКИСТОН: АЗ ТАҶРИБАИ МИЛЛӢ ТО ТАШАББУСИ ГЛОБАЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Маркази миллии тестӣ: аз 11 то 13 август озмуни тақсимоти такрорӣ баргузор мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба узвияти Донишгоҳи СҲШ пазируфта шуд
Оид ба омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорию металлургия форуми ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар вилояти Хатлон 50 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи зеҳни сунъӣ ва BIG DATA дар биоинформатика, физика ва модели иқлим баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даҳ ихтисоси нав таъсис дода шуд